Барои бозгардонии дороиҳо, маблағҳо ва ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад
ДУШАНБЕ, 30.06.2021 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷаласаи мазкур вакилон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории иловагии Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ II) ва мактуб-созишнома дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаҳо оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд, Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи навкунии низоми миллии омор) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Созишнома оид ба маблағгузорӣ аз ҳисоби Фонди иқлими сабз (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал») байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии ғизои мактабӣ», Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Масъалаҳои мазкурро ба вакилони Маҷлиси намояндагон масъулини соҳа Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода, Гулбаҳор Назирӣ, Ғиёсиддин Ашурзода, Азиз Гиёзода, Мирзоанвар Ахмедов, Шамсидинзода Мавзуна, Дӯсмуродзода Сурайё, Музаффар Маҳмудзода, Комрон Исмоилиён муаррифӣ намуда, дар интиҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
АКСҲО: Маҷлиси намояндагон








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид






