Барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» мусобиқаи футбол байни дастаҳои ғайрикасбии мамлакат баргузор мегардад

Июнь 22, 2021 16:10

ДУШАНБЕ, 22.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи тадорукоти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастҳои ғайрикасбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид. Дар мусобиқа шаҳрвандони аз синни 18-сола боло иштирок намуда, бозингарони дастаҳои U-18 (ЛФКНҶТ), Лигаи 2-юм, Лигаи 1-ум, Лигаи олӣ, ҳайати ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ, Лигаҳои (А), (Б) ва PRO-и футзал ҳуқуқи ширкат варзиданро надоранд.

Тавре аз КИМ ҲХДТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар ҷаласа  муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Назаров, намояндагони ҲХДТ ва Федератсияи футбол итирок намуданд.

Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ зикр кард, ки  «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро яке аз омилҳои муассири тарбия, тарғиби тарзи ҳаёти солим, омавигардонии варзиш   ва муаррифии  шоистаи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ  арзёбӣ менамояд. Бо ҳамин мақсад баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзиширо роҳандозӣ менамояд, то ба ин васила наврасону ҷавононро ҳавасманд гардонад. Аз ҷумла, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболро барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баргузор хоҳад кард”.

Таъкид гардид, ки  ҳадаф аз баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастҳои ғайрикасбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» — ин таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстӣ, таъмини бевоситаи иҷрои «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021», иҷрои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, таъмини фароғати мадании шаҳрвандон ва муайян намудани беҳтарин дастаҳои футболи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷаласа ҳайати Кумитаи тадорукот ва ангораи мусобиқаи мазкур тасдиқ карда шуд.

Июнь 22, 2021 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд