Барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» мусобиқаи футбол байни дастаҳои ғайрикасбии мамлакат баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 22.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи тадорукоти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастҳои ғайрикасбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид. Дар мусобиқа шаҳрвандони аз синни 18-сола боло иштирок намуда, бозингарони дастаҳои U-18 (ЛФКНҶТ), Лигаи 2-юм, Лигаи 1-ум, Лигаи олӣ, ҳайати ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ, Лигаҳои (А), (Б) ва PRO-и футзал ҳуқуқи ширкат варзиданро надоранд.
Тавре аз КИМ ҲХДТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Назаров, намояндагони ҲХДТ ва Федератсияи футбол итирок намуданд.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ зикр кард, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро яке аз омилҳои муассири тарбия, тарғиби тарзи ҳаёти солим, омавигардонии варзиш ва муаррифии шоистаи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ менамояд. Бо ҳамин мақсад баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзиширо роҳандозӣ менамояд, то ба ин васила наврасону ҷавононро ҳавасманд гардонад. Аз ҷумла, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболро барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баргузор хоҳад кард”.
Таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастҳои ғайрикасбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» — ин таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстӣ, таъмини бевоситаи иҷрои «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021», иҷрои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, таъмини фароғати мадании шаҳрвандон ва муайян намудани беҳтарин дастаҳои футболи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷаласа ҳайати Кумитаи тадорукот ва ангораи мусобиқаи мазкур тасдиқ карда шуд.








Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд






