Биолог иртибот байни гармо ва пайдоиши гунаҳои коронавирусро рад кард

Июнь 24, 2021 09:43

ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Гармои тобистон ба коронавирус, пайдоиши гунаҳо ва густариш он ягон таъсир надорад, зикр кард профессори факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов Николай Никитин, хабар медиҳад радиои «Sputnik».

«Дар ин ҷо омилҳои иҷтимоӣ бештар амал мекунанд. Гармо, офтоби дурахшон ва нури ултрабунафш на ба сирояти коронавирус  ва на ба худи вирус ягон таъсир надоранд. Он чизе ки ба гунаҳо дахл дорад, наметавон гуфт, ки гармо боиси пайдоиш ва густариши гунаҳои нави вирус шудааст», — иқтибос овардааст суханони ӯро радиои «Sputnik» 24 июн.

Ба гуфтаи ӯ, иртибот байни гармӣ ва пайдоиши гунаҳои COVID-19 метавонад танҳо ғайримустақим бошад, зеро дар чунин ҳаво одамон ба бӯстонсароҳои худ мераванд ва ҳамдигарро назар ба фасли сармо камтар сироят мекунанд.

Ҳамзамон Никитин илова  кард, гармо метавонад ба ҳолати шахсони гирифтори коронавирус, ки бемориҳои музмин доранд, таъсири манфӣ расонад.

«Дар навбати аввал, ин пеш аз ҳама ба одамони гирифтори мушкилоти системаи хун ва ё бемориҳои дил дахл дорад. Барои онҳо гармӣ — ин бори иловагӣ ба дил аст ва бинобар ин рафти беморӣ метавонад мураккабтар шавад», — шарҳ дод ӯ.

22 июн вирусологҳо таъсири гарморо ба сироятёбӣ бо COVID-19 арзёбӣ карданд. Ба фикри онҳо, гармии 40-дараҷа дар гумон аст, ки боиси коҳиш ёфтани сироятёбӣ бо коронавирус гардад.

АКС: РИА «Новости»/Павел Бедняков

Июнь 24, 2021 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон