Биолог иртибот байни гармо ва пайдоиши гунаҳои коронавирусро рад кард
ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Гармои тобистон ба коронавирус, пайдоиши гунаҳо ва густариш он ягон таъсир надорад, зикр кард профессори факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов Николай Никитин, хабар медиҳад радиои «Sputnik».
«Дар ин ҷо омилҳои иҷтимоӣ бештар амал мекунанд. Гармо, офтоби дурахшон ва нури ултрабунафш на ба сирояти коронавирус ва на ба худи вирус ягон таъсир надоранд. Он чизе ки ба гунаҳо дахл дорад, наметавон гуфт, ки гармо боиси пайдоиш ва густариши гунаҳои нави вирус шудааст», — иқтибос овардааст суханони ӯро радиои «Sputnik» 24 июн.
Ба гуфтаи ӯ, иртибот байни гармӣ ва пайдоиши гунаҳои COVID-19 метавонад танҳо ғайримустақим бошад, зеро дар чунин ҳаво одамон ба бӯстонсароҳои худ мераванд ва ҳамдигарро назар ба фасли сармо камтар сироят мекунанд.
Ҳамзамон Никитин илова кард, гармо метавонад ба ҳолати шахсони гирифтори коронавирус, ки бемориҳои музмин доранд, таъсири манфӣ расонад.
«Дар навбати аввал, ин пеш аз ҳама ба одамони гирифтори мушкилоти системаи хун ва ё бемориҳои дил дахл дорад. Барои онҳо гармӣ — ин бори иловагӣ ба дил аст ва бинобар ин рафти беморӣ метавонад мураккабтар шавад», — шарҳ дод ӯ.
22 июн вирусологҳо таъсири гарморо ба сироятёбӣ бо COVID-19 арзёбӣ карданд. Ба фикри онҳо, гармии 40-дараҷа дар гумон аст, ки боиси коҳиш ёфтани сироятёбӣ бо коронавирус гардад.
АКС: РИА «Новости»/Павел Бедняков








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






