БМТ фаъолияти «Ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи аввалини миллӣ»-ро ба муҳлати 5 сол тамдид намуд
ДУШАНБЕ, 09.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи аввалини миллӣ» бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод.
Ин тасмим тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ва «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бинобар ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи «Ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи аввалини миллӣ» гирифт ашудааст.
Ҳамин тариқ иҷозатномаи ҶСП «Ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи аввалини миллӣ», ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2019 ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд. Дар иртибот Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1180 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд






