БМТ фаъолияти «Ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи аввалини миллӣ»-ро ба муҳлати 5 сол тамдид намуд

Июнь 9, 2021 09:18

ДУШАНБЕ, 09.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии  Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи аввалини миллӣ» бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод. 

Ин тасмим тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ва «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бинобар ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи «Ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи аввалини миллӣ» гирифт ашудааст.

Ҳамин тариқ иҷозатномаи ҶСП «Ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи аввалини миллӣ», ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2019 ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд. Дар иртибот Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 9, 2021 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2128 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2124 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.1259 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2119 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар КВД «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1119 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст