«Бонки Эсхата» ба пасандозгузорон ба маблағи зиёда аз 40 миллион сомонӣ даромад пардохт кард
ДУШАНБЕ, 09.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Танҳо дар соли 2020 ҳаҷми пардохти фоизи пасандозҳо дар Бонки Эсхата беш аз 40 миллион сомониро ташкил дод, хабар медиҳад маркази матбуоти банк.
Дар ин муддат пасандозгузорон маблағҳои худро тавассути кушодани суратҳисобҳо ба бонк супоридаанд. Ва ин сарчашмаи иловагии даромади мизоҷон ва инчунин воситаи нигоҳдорӣ ва зиёд кардани маблағи онҳо шудааст.
«Бонки Эсхата» пешниҳоди муфид манзур медорад. Дар «Бонки Эсхата» иқдоми нав амал мекунад, ки дар доираи он фоизи пасандозҳо то 16% солона бо сомонӣ ва то 6% солона бо доллари ИМА зиёд карда шуд. Иқдом то санаи 30 июни соли равон эътибор дорад.
Дар ҳолате, ки пулҳои шумо танҳо барои як муддати муайян бекор бошанд, шумо метавонед онро муваққатан ба суратҳисоби пасандозии «Озод» бо 8% солона гузоред. Ин суратҳисоби пасандозӣ капитализатсия карда мешавад, яъне фоизҳоро на танҳо ба маблағи аввалияи пасандоз, балки инчунин ба ҳамаи фоизҳои қаблан ҳисобшуда ҳисоб мекунад.
Шумо метавонед ҳисоби худро дар вақти дилхоҳ ва бароятон қулай бо истифода аз бонки мобилии «Эсхата Онлайн» пур кунед ва бо истифода аз корти бонкӣ ва банкомат пули нақд гиред.
Пасандозҳои Шумо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» суғурта карда мешаванд.
Бояд қайд кард, ки «Бонки Эсхата» аз ҷониби Бонки Миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки низомсоз эътироф шуда, ба яке аз бонкҳои пешрафтаи кишвар шомил аст. Бонк дорои мукофотҳои зиёди байналмилалӣ мебошад ва ҳамасола аз ҷониби агентии байналмилалии рейтингӣ ҳамчун бонки мунтазам рушдёбанда баҳогузорӣ карда мешавад. Дар ин бора ҳисоботи молиявии бонк низ шаҳодат медиҳад.








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1210 то 0.1221 сомонӣ муқаррар шудааст
Соли 2025 дороиҳои «Амонатбонк» 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 9,9 миллиард сомониро ташкил дод
Соли 2025 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок 3,5 фоизро ташкил дод
Қурби расмии сомонӣ соли 2025 нисбат ба доллари амрикоӣ 15,4 фоиз устувор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бонкҳои Тоҷикистон соли 2025 ба мизоҷон дар ҳаҷми 30 миллиард сомонӣ қарз додаанд
«Амонатбонк» ба беш аз 890 ҳазор нафақагирон ва 2,2 миллион пасандозгузорон хизмат расонидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» соли 2025 ба зиёда аз 60 ҳазор мизоҷ 2,5 миллиард сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд






