«Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» ба таври ихтиёрӣ барҳам дода шуд

Июнь 29, 2021 12:15

ДУШАНБЕ, 29.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳамдиҳии ихтиёрии ҶСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» хабар медиҳад.  Гуфта мешавад, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» дархости ҶСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрии ҶСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» қонеъ карда шуд.

Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қарори Шӯрои нозирони Бонки миллии Покистон аз 21 феврали соли 2020 тибқи стратегияи тиҷоратӣ барои амалиёти байналмилалӣ қабул шудааст, ки дар стратегияи номбурда хотима додани фаъолияти Бонки миллии Покистон дар бозорҳои молиявии Туркманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Тоҷикистон қарор дода шудааст.

Аз ин рӯ, Иҷозатномаи ҶСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ аз 20 марти соли 2012, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2012 дода шудааст,  бозхонд гардида, аз эътибор соқит дониста мешавад.

Мақомоти ваколатдори ҶСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» вазифадор карда мешавад, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони Бонкро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 29, 2021 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд