Дар «Боғи кӯдакон»-и шаҳри Душанбе барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ таҳти унвони «Кӯдакон ояндаи моянд» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 июн дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Кӯдакон ояндаи моянд» баргузор гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокдорони ҷамъомади идона баъди тамошои расмҳои дар рӯйи сафолакҳо кашидаи кӯдакон вориди «Боғи кӯдакон» гардида, дар гӯшаҳои гуногуни он бо амали хонандагоне, ки ба бозиҳои гуногуни варзишӣ-футболи хурд, тенниси рӯйи миз, шашкаю шоҳмот ва бозиҳои зеҳнӣ — викторинаҳо, аксияи китобхонии «Биёед, китоб мехонем», расмкашӣ ва ғайра машғул буданд, шинос шуданд.
Ин ҷо ҳамчунин намоиши маҳсули эҷоди кӯдакону наврасони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт ва шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе–шаҳри орзуҳо» ба тамошо гузошта шуда буд.
Сипас қисмати расмии чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ дар амфитеатри «Боғи кӯдакон» идома ёфт. Нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба ҳозирин расонида, зикр кард, ки кӯдакон на танҳо маънибахши ҳаёту зиндагӣ, балки умед барои бунёди фардои дурахшон мебошанд.
Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро гулҳои зиндагӣ маънидод намуда, баҳри парвариши ин навниҳолакони табиати инсонӣ ва қишри фардосози ҷомеъа таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳанд. Дар ин росто, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри таъмини дастрасии кӯдакону наврасон ба таҳсилоти босифат, ҳифзи тандурустиву барқарорсозии саломатӣ ва бо мақсади рушди ҷисмонӣ ва фароғату роҳати онҳо шароити созгорро фароҳам оварда, барои дастгирӣ ва ҳавасманднамоии наврасони соҳибҳунару соҳибистеъдод пайваста як зумра озмуну фестивал ва мусобиқаву чорабиниҳои фарҳангиву маърифатиро бо иштироки бевоситаи кӯдакон доир менамояд.
Сипас аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъи тантанавӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуну мусобиқаҳои зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷом ба иштирокчиёни чорабинӣ барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатии идона таҳти унвони «Кӯдакон дунёи моянд», ки аз тарафи кӯдакону наврасони соҳибҳунару соҳибистеъдод-таълимгирандагони марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон ва ансамблҳои кӯдакона омода гардида буд, пешниҳод карда шуд.
Воқеан давоми солҳои охир пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба шаҳри имконоти рушди кӯдакон табдил ёфта, дар он ташаббусҳои неку созанда баҳри рушду такомули зеҳниву ҷисмонии кӯдакони кишвар амалӣ карда мешавад.















Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






