Дар деҳаи Пашори ноҳияи Шуғнон зиёда аз 90 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 26.06.2021 /АМИТ«Ховар»/. Дар деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон ба зиёда аз 90 хоҷагӣ хати оби нӯшокӣ гузаронида шуд. 25 июн Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шуғнон дар деҳаи Пашор хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор дод.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, оби нӯшокӣ дар ин мавзеъ тариқи кандани чоҳи амудӣ аз чуқурии 39 метр ба воситаи насосҳои махсуси обкашӣ бароварда шуд, дарозии хати обугзар 15449 метр буда, аз он зиёда аз 90 хоҷагии деҳаи Пашор истифода хоҳанд бурд.
Дар қитъаи обтаъминкунӣ барои таъмини саривақтии оби ошомиданӣ ба аҳолӣ насоси пурқуввату баландсифати обкашӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардида, насб карда шуданд, ки тариқи он об ба ҳавзи захиравӣ тақсим мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки сокинони деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Поришнев аз сабаби набудани оби тозаи ошомиданӣ солиёни зиёд танқисӣ мекашиданд. Дар партави дастгирӣ ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мушкилоти мавҷудаи сокинони деҳаи Пашор бартараф карда шуда, акнун сокинон аз оби аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода мебаранд.
Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли гузашта оғоз гардиданд ва барои сари вақту дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфтани он 30 нафар мутахассис ва коргарони маҳаллӣ ҷалб карда шуданд.
Арзиши лоиҳавии иншоот зиёда аз 1,3 млн сомониро ташкил дода, аз ин маблағи 281,7 ҳазор сомонӣ саҳми сокинони деҳа ва маблағи 1,07 миллион сомонӣ саҳми Раёсати Шветсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ташкил дода, амаликунандаи лоиҳа Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи Кӯҳистони Фонди Оғохон мебошад.
АКСҲО: МИҲД-и ВМКБ








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






