Дар деҳаи Пашори ноҳияи Шуғнон зиёда аз 90 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд

Июнь 26, 2021 09:24

ДУШАНБЕ, 26.06.2021 /АМИТ«Ховар»/. Дар  деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Поршиневи  ноҳияи Шуғнон ба зиёда аз 90 хоҷагӣ хати оби нӯшокӣ гузаронида шуд. 25 июн  Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар доираи сафари корӣ ба  ноҳияи Шуғнон дар деҳаи Пашор хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор дод.

Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, оби нӯшокӣ дар ин мавзеъ тариқи кандани чоҳи амудӣ аз чуқурии 39 метр ба воситаи насосҳои махсуси обкашӣ бароварда шуд, дарозии хати обугзар 15449 метр буда, аз он зиёда аз 90 хоҷагии деҳаи Пашор истифода хоҳанд бурд.

Дар қитъаи обтаъминкунӣ барои таъмини саривақтии оби ошомиданӣ ба аҳолӣ насоси пурқуввату баландсифати обкашӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардида, насб карда шуданд, ки тариқи он об ба ҳавзи захиравӣ тақсим мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки сокинони деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Поришнев аз сабаби набудани оби тозаи ошомиданӣ солиёни зиёд танқисӣ мекашиданд. Дар партави дастгирӣ ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мушкилоти мавҷудаи сокинони деҳаи Пашор бартараф карда шуда, акнун сокинон аз оби аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода мебаранд.

Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли гузашта оғоз гардиданд ва барои сари вақту дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфтани он 30 нафар мутахассис ва коргарони маҳаллӣ ҷалб карда шуданд.

Арзиши лоиҳавии иншоот зиёда аз 1,3 млн сомониро ташкил дода, аз ин маблағи 281,7 ҳазор сомонӣ саҳми сокинони деҳа ва маблағи 1,07 миллион сомонӣ саҳми Раёсати Шветсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ташкил дода, амаликунандаи лоиҳа Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи Кӯҳистони Фонди Оғохон мебошад.

 

АКСҲО: МИҲД-и ВМКБ

Июнь 26, 2021 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад