Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист марафони велосипедронӣ доир мегардад

Июнь 3, 2021 09:27

ДУШАНБЕ,03.06.2021/АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар шаҳри Душанбе  бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист марафони велосипедронӣ таҳти  шиори «Велосипед барои табиат» баргузор мегардад. Марафони мазкур соати 8:00 аз МД «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт оғоз гардида, то роҳи ҳалқавии Товус  ҳаракат намуда, баргашта ба «Наврӯзгоҳ» ба марра мерасад. Хоҳишмандонро барои ширкат дар веломарафон зарур аст, ки пешакӣ –соати 7:00 аз сабти ном гузаранд.   

Марафони велосипедронӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон гузаронида шуда, яке аз ҳадафҳояш тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳифзи муҳити зист аз олудагиҳои нақлиёт арзёбӣ гардида, муҳимияти истифодаи ин намуди нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тозаро инъикос менамояд.

Дар марафони велосипедронӣ  якчанд номинатсия пешбинӣ шудааст, ки он имконият медиҳад, ҳама хоҳишмандон дар ин маърака иштирок намоянд, аз ҷумла велосипедронҳои касбӣ, ҳавасмандон, паралимпиадачиён ва наврасон.

Ғолибони мусобиқаро мукофотҳои хотиравӣ ва пулӣ (сертификати харид) интизор мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи ҷаҳонии  муҳити зист чун иқдоми байналмилалӣ аз «Муроҷиатномаи Ментовӣ» ба Котиби генералии СММ сарчашма мегирад. «Муроҷиатнома»-и мазкур 11 майи соли 1971 аз ҷониби 2200 нафар ходимони илму фарҳанги 23 кишвари ҷаҳон ба имзо расид. Дар ҳамон сол олимон бонги хатар заданд, ки ифлосшавии муҳити зист ба инсоният оқибатҳои нохуш меорад. Баъд аз як сол (1972) дар пойтахти Шведсия-шаҳри Стокголм Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист доир гашт, ки дар кори он намояндагони 113 кишвар иштирок дошта, барои 5 июн ҷашн гирифтани Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист қарор қабул карданд. Аз ҳамон сол инҷониб бо ташаббуси Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, бо мақсади мусоидат намудан ба беҳдошти  вазъи муҳити зист ҳар сол 5 июн чун Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист таҷлил карда мешавад.

Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар» ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Июнь 3, 2021 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд