Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист марафони велосипедронӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ,03.06.2021/АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист марафони велосипедронӣ таҳти шиори «Велосипед барои табиат» баргузор мегардад. Марафони мазкур соати 8:00 аз МД «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт оғоз гардида, то роҳи ҳалқавии Товус ҳаракат намуда, баргашта ба «Наврӯзгоҳ» ба марра мерасад. Хоҳишмандонро барои ширкат дар веломарафон зарур аст, ки пешакӣ –соати 7:00 аз сабти ном гузаранд.
Марафони велосипедронӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон гузаронида шуда, яке аз ҳадафҳояш тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳифзи муҳити зист аз олудагиҳои нақлиёт арзёбӣ гардида, муҳимияти истифодаи ин намуди нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тозаро инъикос менамояд.
Дар марафони велосипедронӣ якчанд номинатсия пешбинӣ шудааст, ки он имконият медиҳад, ҳама хоҳишмандон дар ин маърака иштирок намоянд, аз ҷумла велосипедронҳои касбӣ, ҳавасмандон, паралимпиадачиён ва наврасон.
Ғолибони мусобиқаро мукофотҳои хотиравӣ ва пулӣ (сертификати харид) интизор мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист чун иқдоми байналмилалӣ аз «Муроҷиатномаи Ментовӣ» ба Котиби генералии СММ сарчашма мегирад. «Муроҷиатнома»-и мазкур 11 майи соли 1971 аз ҷониби 2200 нафар ходимони илму фарҳанги 23 кишвари ҷаҳон ба имзо расид. Дар ҳамон сол олимон бонги хатар заданд, ки ифлосшавии муҳити зист ба инсоният оқибатҳои нохуш меорад. Баъд аз як сол (1972) дар пойтахти Шведсия-шаҳри Стокголм Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист доир гашт, ки дар кори он намояндагони 113 кишвар иштирок дошта, барои 5 июн ҷашн гирифтани Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист қарор қабул карданд. Аз ҳамон сол инҷониб бо ташаббуси Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, бо мақсади мусоидат намудан ба беҳдошти вазъи муҳити зист ҳар сол 5 июн чун Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист таҷлил карда мешавад.
Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар» ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист









Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






