Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 июни соли равон, соати 17:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ баргузор мегардад. Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Эрон, Озарбойҷон ва Қувайт иштирок мекунанд.
Дар ин бора шореҳи варзиши ТВ «Варзиш» Каримхон Бекматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Мавриди зикр аст, ки гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул миёни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Тоҷикон дар замонҳои пеш ин намуди гӯштинро бештар дар тӯю маъракаҳояшон барпо мекарданд.
Гӯштин аз калимаи тоҷикии «куштӣ» гирифта шудааст, ки маънои камарбандро дорад. Дар замони Зардушт ҳам камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд. Решаи пайдоиши ин калима аз куштигирӣ ё камарбандгирӣ (аз миёни якдигар гирифта, қувваозмоӣ кардан) бармеояд. Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки сарчашмаи аксар намудҳои гӯштин – ин гӯштини миллии тоҷикӣ аст ва беҳтарин усули он дар дигар гӯштинҳо, аз ҷумла, дар дзюдо, самбо, кураш ва камарбандӣ истифода мешавад. Асосгузорони ин намудҳо аз усули гӯштини тоҷикӣ истифода бурда, гӯштинҳои худро дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ ва олимпӣ муаррифӣ менамоянд.
Аслан мусобиқаҳои гӯштингирӣ дар маҳалҳо бахшида ба ҷашну маросим доир гардида, паҳлавонон байни ҳамдигар барои дарёфти мукофоти асосӣ қувваозмоӣ менамуданд. Аз рўи ин намуди зебои варзиш дар фасли баҳору тобистон дар доманакўҳу саҳро мусобиқаҳо баргузор мегарданд. Паҳлавонон байни халқ эътибори бузург доштанд ва дар васфи онҳо шеъру тарона, очерк, ҳикояҳо ва сурудҳо навишта мешаванд. Паҳлавонон ҳамеша рамзи дӯстӣ, садоқатмандӣ ба ватанро ифода менамуданд. Гўштингирӣ таърихи ҳазорсола дошта бошад ҳам, имрўз ба тадқиқоти ҷиддӣ ниёз дорад ва моро зарур аст, ки онро дар байни омма боз ҳам инкишоф диҳем.
Гӯштингирӣ миёни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, ҷиҳати оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Он солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба инкишоф ниҳодааст.
Имрӯз дар байни халқ ду намуди гӯштин паҳн гаштаанд, ки яке гӯштингирӣ ва дигаре гӯштини камарбандӣ аст, ки бештар дар вилояти Суғд амал мекунад. Аз оғози солҳои 1930 инҷониб гӯштингирӣ аз ҳудуди ҷумҳурии мо берун баромада, барои инкишофи гӯштини дигар давлатҳо хизмат карда истодааст. Масалан, гӯштини самбо дар асоси бандҳои гӯштини миллии халқҳои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравии бародар, аз ҷумла, гӯштини тоҷикон ташкил ёфтааст. Яке аз асосгузорони гӯштини самбо Анатолий Харлампиев соли 1941 бо қарори Маркази тадқиқоти илмии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ барои омўзиши илмии гўштинҳои миллӣ ба давлатҳои Қафқоз ва Осиёи Миёна сафар мекунад. Ӯ аз намуди гӯштини миллии тоҷикон дидан карда, дар тартиб додани гӯштини самбо аз усулҳои гӯштингирӣ васеъ истифода мебарад.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






