Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ» баргузор мегардад

Июнь 9, 2021 11:38

ДУШАНБЕ, 09.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ» баргузор мегардад.Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 9 июни соли 2021 ҳайати Кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории озмуни мазкур тасдиқ гардид. Барои баргузории ин озмун аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 9370 (нуҳ ҳазору сесаду ҳафтод) сомонӣ  ҷудо  гардид.

Тавре аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни мазкур  тибқи  «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ гардидааст.

Раиси шаҳри Душанбе  масъулинро  вазифадор намуданд, ки  ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани озмуни «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ» тадбирҳои дахлдор андешанд.

Ҳадафи асосии озмуни мазкур  тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ, оммавӣ гардонидани усулҳои беҳтарини ҳунарҳои кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ, тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои ин ҳунари аҷдодӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати устоҳо ва муаррифии намудҳои гуногуни маҳсули ин ҳунар мебошад.

Июнь 9, 2021 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад