Дар Душанбе Форуми сайёҳии СҲШ ва Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 07.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 15-16 июли соли равон дар Душанбе вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар назар дошта шудааст, ки дар доираи он баргузории Форуми сайёҳии СҲШ ва Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ пешбинӣ шудааст.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, рӯзи аввал — 15 июл дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад.
Нимаи дуюми ҳаминин рӯз дар Китобхонаи миллӣ бо иштироки зиёда аз 200 нафар Форуми сайёҳии СҲШ ба кори худ оғоз менамояд.
Рӯзи дуюм -16 июл дар Боғи «Ирам» бо иштироки меҳмонони вохӯрии мазкур Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад.
Ҳамчунин дар Боғи «Ирам» аз ҷониби Вазораи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикситон барои иштирокдорони Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ барномаи фарҳангӣ пешниҳод мешавад.
Иштирокдорони вохӯрии мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчунин дар ин рӯз ба тамошои Қаълаи Ҳисор мераванд.
Акс аз сомонаи СҲШ








Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид






