Дар ноҳияи Синои пойтахт «Маркази тавонбахшии маъюбон» ба фаъолият оғоз кард
ДУШАНБЕ, 05.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи тадбирҳои андешидаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт «Маркази тавонбахшии маъюбон» дар назди Маркази миллии тиббии «Шифобахш»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ба истифода қарор додани ин иншооти ҷашнӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иштирок доштанд.
«Маркази тавонбахшии маъюбон» дар назди Маркази миллии тиббии «Шифобахш» аз ҷумлаи иншооти муосири соҳаи тандурустӣ буда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, фарогирии маъюбон ба хизматрасониҳои тиббӣ беҳтар хоҳадгардид.
Тавре дар ҷараёни шиносоӣ аз шароити фароҳамгардида дар ин маркази тиббӣ иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонию муҷаҳҳазгардонии «Маркази тавонбахшии маъюбон» дар ҳошияи ҳамкории байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия бо маблағгузории Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) амалӣ гардидааст.
Марказ дорои шароити зарурии хизматрасонӣ ба беморон буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар марказ барои табобати ҳам хурдсолон ва ҳам калонсолон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Масъулини «Маркази тавонбахшии маъюбон» иброз доштанд, ки инҷо се ҳуҷраи табиатшифоҳӣ ва маҳс, ҳамзамон се ҳуҷраи тавонбахшӣ мавҷуд буда, имкон аст, ки дар як вақт то 15-20 нафар беморон ба табобат фаро гирифта шаванд.











Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






