Дар Хуҷанд ғолибони мусобиқа оид ба камонварӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 30.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 июн дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқа оид ба камонварӣ баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур 14 нафар – 8 мард ва 6 зан иштирок карда, он аз рӯи 3 равия – 70 метр даставӣ, инфиродӣ ва даставии омехта сурат гирифт.
Дар ин бора аз Федератсияи камонварии Тоҷикистон ба ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, 21 май шурӯъ гардида, имрӯз — 30 июн ҷамъбаст мешаванд.
Ба барномаи бозиҳои мазкур 15 намуди варзиш ворид гардидааст.
Натиҷаи мусобиқаи камонварӣ дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021:
70 метр
Даставӣ, мардҳо
1. Душанбе-1 (Саидов Тилло, Раҳмонов Умед, Анушервон Раҳимӣ)
2. Суғд (Рустамов Абдуғаффор, Шерғозиев Манучеҳр, Бобоев Исо)
3. Душанбе-2 (Тураев Абубакр, Раҳимзода Некрӯз)
Инфиродӣ, мардҳо
1. Тилло Саидов (Душанбе-1)
2. Умед Раҳмонов (Душанбе-1)
3. Анушервон Раҳимӣ (Душанбе-1)
Инфиродӣ, бонувон
1. Фирӯза Зубайдова (Душанбе-1)
2. Умеда Ҷӯраева (Суғд)
3. Мавзуна Азимова (Суғд)
Даставӣ, омехта
1. Суғд (Манучеҳр Шерғозиев, Мавзуна Азимова)
2. Душанбе-1 (Фирӯза Зубайдова, Тилло Саидов)
3. Душанбе-2 (Фирӯза Давлатова, Абубакр Тураев)








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






