Дар Кремл аз манбаи нави ташаннуҷ дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон нигаронанд
ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар пасманзари ихроҷи қӯшунҳои ғарбӣ, Россия аз рушди вазъ дар Афғонистон ва пайдоиши манбаи нави ташаннуҷ дар марзи Афғонистон — Тоҷикистон нигарон аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора котиби матбуотии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Песков рӯзи чоршанбеи 22 июн ба хабарнигорон изҳор доштааст (ДАР АКС).
«Дар маҷмӯъ, албатта, рушди вазъ дар Афғонистон баробари ихроҷи низомиёни амрикоӣ ва низмиёни дигар аз ин кишвар — сабаби таваҷҷуҳи амиқ ва нигаронии мо аст. Тоҷикистон — давлати хеле наздик ва шарики мо аст. Воқеан, пайдоиши манбаи нави ташаннуҷ, таҳдидҳо — моро нигарон мекунанд», — гуфт намояндаи Кремл.
22 июн Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) хабар дод, ки дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи «Толибон» (дар Тоҷикистон ва Россия мамнӯъ аст) ба комиссариати марзии Бандари Шерхон дар вилояти Кундузи Афғонистон, 134 низомии ҳукумати Афғонистон аз тариқи посгоҳи марзӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд. Дар байни онҳо чаҳор нафар захмӣ ва як сарбоз ҳалокшуда низ буданд. КДАМ -и Тоҷикистон вазъро дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро муташаниҷ арзёбӣ кардааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед






