Дар Кремл аз манбаи нави ташаннуҷ дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон нигаронанд

Июнь 24, 2021 09:40

ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар пасманзари ихроҷи қӯшунҳои ғарбӣ, Россия аз рушди вазъ дар Афғонистон ва пайдоиши манбаи нави ташаннуҷ дар марзи Афғонистон — Тоҷикистон нигарон аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора котиби матбуотии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Песков рӯзи чоршанбеи 22 июн ба хабарнигорон изҳор доштааст (ДАР АКС).

«Дар маҷмӯъ, албатта, рушди вазъ дар Афғонистон баробари ихроҷи  низомиёни амрикоӣ ва низмиёни дигар аз ин кишвар — сабаби таваҷҷуҳи амиқ ва нигаронии мо аст. Тоҷикистон — давлати хеле наздик ва шарики мо аст. Воқеан, пайдоиши манбаи нави ташаннуҷ, таҳдидҳо — моро нигарон мекунанд», — гуфт намояндаи Кремл.

22 июн Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) хабар дод, ки дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи «Толибон» (дар Тоҷикистон ва Россия мамнӯъ аст) ба комиссариати марзии Бандари Шерхон дар вилояти Кундузи Афғонистон, 134 низомии ҳукумати Афғонистон аз тариқи посгоҳи марзӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд. Дар байни онҳо чаҳор нафар захмӣ ва як сарбоз ҳалокшуда низ буданд. КДАМ -и Тоҷикистон вазъро дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро муташаниҷ арзёбӣ кардааст.

 АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 24, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд