Дар Маҷлиси намояндагон оид ба навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд барои лоиҳаи «Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, муҳокимаи парламентӣ бо иштироки вакилон, роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори иҷроияи лоиҳаи навсозии хизматрасонии обуҳавошиноси дар Осиёи Марказӣ доир шуд.
Аз рӯи масъалаи мазкур вакили Маҷлиси намояндагон Мавзуна Шамсиддинзода баромад намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки баробари фаъолияти худро дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо тақвият бахшидан, мо бояд ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим омодагии ҳаматарафа дошта бошем.
Маълум аст, ки ба ҳисобгирии муосири маълумот дар бораи тағйирёбии ҳарорати ҳаво ва боришот дар давраҳои болоравии гармӣ дар таърихи сайёраи Замин имконият медиҳанд, ки пешгӯии тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон барои даҳсолаҳои оянда тартиб дода шаванд. Дар асоси чунин пешгӯиҳо дар миёнаи асри 21 болоравии ҳарорати солона ба ҳисоби миёна 3-4 дараҷаро дар ҷумҳурӣ ташкил хоҳад дод. Мавҷудияти маълумот нишон медиҳад, ки гармшавии ҳаво бештар дар давраи зимистон ба миён омада, дар давраи гармии сол тағйирёбии иқлим бисёр кам ба назар мерасад.
Мавзуна Шамсиддинзода ҳамчунин таъкид намуд, ки «тағйирёбии минбаъдаи иқлим оқибатҳои бузурги табиӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дошта, яке аз чунин оқибатҳои асосӣ ин тағйирёбии самтҳои истифодабарии иқтидорҳои захираҳои об ва замин ба ҳисоб мераванд. Дар натиҷаи ивазшавии ҳудудҳои минтақаҳои иқлимӣ, тағйирёбии воридот об ба ҳавзаҳои дарёҳо, зиёдшавии истифодаи обҳои зеризаминӣ ва нобаробарии тақсимоти боришот дар давраҳои зимистону тобистон талаботро барои андешидани тадбирҳои саривақтӣ ба миён овардааст».
-Барои соҳаи кишоварзӣ омили манфии тағйирёбии иқлим дар такрорёбии хушксолӣ, обхезӣ, боридани жола ва беобӣ дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ зоҳир мегардад. Тағйирёбии иқлим дар соҳаи кишоварзӣ асосан дар 3 самт бештар таъсири худро мерасонад: бо воситаи тағйирёбии нишондиҳандаҳои ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва маҳсулнокии чорвою парандаи хонагӣ; тағирёбии вазъи бозори ҷаҳонии маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи хӯрокӣ дар натиҷаи ба миён омадани дигаргуниҳо дар сохтори ҷаҳонии истеҳсолоти кишоварзӣ; бо воситаи ҷорӣ гардидани низоми маҳдудияту уҳдадориҳо дар ихроҷи газҳои самараи гармидиҳанда дар чорчубаи созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, — илова кард номбурда.
Гуфта шуд, ки тағйирёбии иқлим ташаккули захираҳои стратегии маҳсулоти кишоварзиро ҳамчун вазифаҳои калидии сиёсати амнияти озуқавории кишвар муайян кардааст. Ҳалли ин вазифа аз пешгӯии тағйирёбии иқлим барои солҳои минбаъда вобастагии калон дорад.
Дар маҷмӯъ имкониятҳои сохтори миллии хизматрасонии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ дар пешгӯии тағйирёбии иқлим васеъ мегарданд.
-Умеди комил дорем, ки татбиқи Лоиҳа барои рушди хизматрасонии обуҳавошиносии Тоҷикистон заминаи мустаҳкам ба миён меорад,-гуфт дар интиҳо Мавзуна Шамсиддинзода.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин ҳамчунин директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловаршо Дӯстзода бо гузориши муфассал баромад намуд.
Дар анҷоми ин нишаст қарор ва тавсияҳои парламентӣ қабул карда шуд. Тавсияҳои мазкур ба вазорату идораҳои дахлдор барои чораҷӯӣ ирсол карда мешаванд.
АКСҲО: Маҷлиси намояндагон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






