Дар шаҳри Хоруғ амалиёти «Бачаҳо» бо ҷалби хонандагони синфҳои болоӣ идома дорад
ХОРУҒ, 20.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҷалби хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хоруғ амалиёти «Бачаҳо» роҳандозӣ гардид. Амалиёти мазкур аз 1 июн оғоз гардида, то 15 август идома меёбад.
Омӯзгори муассисаи таълимии мазкур Элчизан Бекикова, ки раҳбарии нозирони наврасро бар уҳда дорад, ин иқдоми шуъбаи Бозрасии автомобилиро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки «дар давраи таътили тобистона шумораи пиёдаргардон аз ҳисоби кӯдакону наврасон бамаротиб меафзояд ва эҳтимоли рух додани садамаҳои автомобилӣ низ дар роҳҳои мошингард зиёд мегардад».
«Мо, ҳамроҳи шогирдон соли сеюм аст, ки дар чунин амалиёт ширкат меварзем. Ҳадафи амалиёти мазкур фаҳмонидани қоидаҳои ҳаракати роҳ ба кӯдакону наврасон ва волидони онҳо тавассути паҳн намудани варақаҳои иттилоотӣ, пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш, расондани кумак ба пиронсолон ҳангоми убур аз роҳи мошингузар мебошад»,-илова кард ӯ.
Мавсуф дар идомаи суҳбаташ афзуд, ки қабл аз амалиёти “Бачаҳо” кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ба нозирони наврас қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аломатҳои маъмулии сари роҳ, моҳияти рангҳои сурху сабзу зарди чароғакроба таври содаву фаҳмо шарҳу тавзеҳ доданд.
Кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии шаҳр ва нозирони наврас зимни тақсими варақаҳои иттилоотӣ аз ронандагон даъват намуданд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ, ба хусус дар назди боғча- яслӣ, марказҳои дилхушии кӯдакон, муассисаҳои таълимӣ, лагерҳои истироҳатӣ эҳтиёт кунанд, суръати ҳаракатро паст намоянд, то дар лаҳзаҳои ногаҳон ба роҳи мошингард баромадани кӯдакон мошинро зуд боз дошта тавонанд.
Нозирони наврас ҳамчунин миёни ронандагон ёддоштҳо таҳти унвони “Биист,то пиёдагард бигзарад!” тақсим намуданд.








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






