Дар шаҳри Турсунзода бинои нави дидбонгоҳи гумрукии «Регар» ба истифода дода шуд

Июнь 29, 2021 14:11

ДУШАНБЕ, 29.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода бинои нави дидбонгоҳи гумрукии «Регар» ба истифода дода шуд. Бинои мазкур бо масоҳати умумии 320 метри мураббаъ аз ду ошёна иборат буда, дар қабати  якумион  шаш утоқи корӣ барои кормандон, ҳуҷраи  корӣ барои қисми навбатдорӣ ва дар ошёнаи дуюм се утоқи корӣ барои кормандон ва як маҷлисгоҳ ҷойгир карда шудааст. Ҳамаи утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва мизу курсиҳои наву замонавӣ таъмин буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз оро дода шудааст.

Тавре аз  Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   корҳои сохтмонӣ дар дидбонгоҳи гумрукии «Регар»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода  соли 2020 оғоз гардида, он дар масоҳати умумии 200 метри мураббаъ бо тарҳи нави меъморӣ ва истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ, бо сифати баланди сохтмонӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардидааст.

Мавриди  зикр аст, ки айни замон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Дирексияи сохтмон иншооти ҳукуматӣ корҳои омӯзишӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони 5 дидбонгоҳи гумрукӣ дар марз бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла дидбонгоҳҳои гумрукии «Зафаробод» дар ноҳияи Зафаробод, «Навбунёд» дар ноҳияи Ашт, «Ҳаштяк» дар ноҳияи Спитамен, «Равот» дар шаҳри Конибодом ва «Ӯротеппа» дар шаҳри Истаравшан, ки тавассути онҳо рафтуомади шаҳрвандон ва интиқоли молу воситаҳои нақлиёт дар ин гузаргоҳҳо бештар аст, амалӣ гардида истодаанд.

Инчунин  давоми соли 2021 аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба ҳамкории фаромарзӣ тавассути идоракунии босамари сарҳадоти Тоҷикистон бо Афғонистон», корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯии дидбонгоҳи гумрукии «Кокул»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон пурра ба анҷом расида, оғози сохтмони иншооти зикргардида дар нимсолаи дуюми соли равон бо маблағгузории Агентии Япония  оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ба нақша гирифта шудааст.

Акс аз Хадамоти гумрук

Июнь 29, 2021 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад