Дар шаҳри Турсунзода бинои нави дидбонгоҳи гумрукии «Регар» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 29.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода бинои нави дидбонгоҳи гумрукии «Регар» ба истифода дода шуд. Бинои мазкур бо масоҳати умумии 320 метри мураббаъ аз ду ошёна иборат буда, дар қабати якумион шаш утоқи корӣ барои кормандон, ҳуҷраи корӣ барои қисми навбатдорӣ ва дар ошёнаи дуюм се утоқи корӣ барои кормандон ва як маҷлисгоҳ ҷойгир карда шудааст. Ҳамаи утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва мизу курсиҳои наву замонавӣ таъмин буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз оро дода шудааст.
Тавре аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, корҳои сохтмонӣ дар дидбонгоҳи гумрукии «Регар»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода соли 2020 оғоз гардида, он дар масоҳати умумии 200 метри мураббаъ бо тарҳи нави меъморӣ ва истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ, бо сифати баланди сохтмонӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки айни замон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Дирексияи сохтмон иншооти ҳукуматӣ корҳои омӯзишӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони 5 дидбонгоҳи гумрукӣ дар марз бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла дидбонгоҳҳои гумрукии «Зафаробод» дар ноҳияи Зафаробод, «Навбунёд» дар ноҳияи Ашт, «Ҳаштяк» дар ноҳияи Спитамен, «Равот» дар шаҳри Конибодом ва «Ӯротеппа» дар шаҳри Истаравшан, ки тавассути онҳо рафтуомади шаҳрвандон ва интиқоли молу воситаҳои нақлиёт дар ин гузаргоҳҳо бештар аст, амалӣ гардида истодаанд.
Инчунин давоми соли 2021 аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба ҳамкории фаромарзӣ тавассути идоракунии босамари сарҳадоти Тоҷикистон бо Афғонистон», корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯии дидбонгоҳи гумрукии «Кокул»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон пурра ба анҷом расида, оғози сохтмони иншооти зикргардида дар нимсолаи дуюми соли равон бо маблағгузории Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ба нақша гирифта шудааст.
Акс аз Хадамоти гумрук








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






