Дар Тоҷикистон то 45 дараҷа гармшавии ҳаво дар назар аст

Июнь 2, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 02.06.2021  /АМИТ  «Ховар»/. То 5 июн дар ноҳияҳои водии Тоҷикистон  баландшавии  ҳарорати ҳаво то 36-41 дараҷа  пешбинӣ шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат баланд шудани ҳарорати ҳаво то 42+45  дараҷа дар назар дошта шудааст.

Рӯзҳои 3 — 4 июн дар  ноҳияҳои алоҳидаи  доманакӯҳ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари ба амал омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта вуҷуд доранд.

Бар замми ин то 3  июн дар шаҳри Душанбе дар давраи гармӣ болоравии сатҳи ифлосшавии ҳаво дар назар аст.

Дар ин давра ба аҳолӣ тавсия дода мешавад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ҷойҳои камшамол, минтақаҳое, ки ба саломатии инсон хатарнок аст, худдорӣ намоянд. Тавсияи мазкур асосан ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила, шахсони  дорои бемориҳои диққи нафас ва қалб алоқамандӣ дорад.

Июнь 2, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд