Дар Тоҷикистон то 45 дараҷа гармшавии ҳаво дар назар аст
ДУШАНБЕ, 02.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. То 5 июн дар ноҳияҳои водии Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 36-41 дараҷа пешбинӣ шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат баланд шудани ҳарорати ҳаво то 42+45 дараҷа дар назар дошта шудааст.
Рӯзҳои 3 — 4 июн дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари ба амал омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта вуҷуд доранд.
Бар замми ин то 3 июн дар шаҳри Душанбе дар давраи гармӣ болоравии сатҳи ифлосшавии ҳаво дар назар аст.
Дар ин давра ба аҳолӣ тавсия дода мешавад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ҷойҳои камшамол, минтақаҳое, ки ба саломатии инсон хатарнок аст, худдорӣ намоянд. Тавсияи мазкур асосан ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила, шахсони дорои бемориҳои диққи нафас ва қалб алоқамандӣ дорад.








Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид






