Дар Вазорати молия якчанд созишномаи маблағгузорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ба имзо расиданд
ДУШАНБЕ, 29.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои маблағгузории лоиҳаҳои «Навкунии низоми миллии омор», «Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ, марҳилаи 2 (маблағгузории иловагӣ)», «Электрификатсияи деҳот (маблағгузории иловагӣ)», «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал» дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ ба имзо расонда шуданд.
Тибқи иттилои Вазорати молия, Созишномаи Лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор» ба маблағи умумии 10 млн доллари амрикоии грантӣ ба имзо расонида шуда, маблағҳои ҷалбгардида барои навсозии раванди таҳия ва паҳн намудани маълумоти оморӣ, инчунин васеъ намудани иштироки истифодабарандагони маълумоти оморӣ равона мегардад.
Ҳаҷми маблағи Лоиҳаи «Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ, марҳилаи 2 (маблағгузории иловагӣ)» 6 млн доллари амрикоии грантиро ташкил медиҳад, ки он барои баланд бардоштани самаранокӣ, назорат ва ҳисоботдиҳии қисмати хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст.
Маблағи умумии Лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот (маблағгузории иловагӣ)» 10 млн доллари амрикоии грантӣ мебошад. Ҳадаф аз татбиқи Лоиҳаи мазкур таъмини дастрасӣ ба неруи барқ дар маҳалҳои аҳолинишин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии таъминоти барқ ба истеъмолгарони ба шабакаҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайвастгардида мебошад.
Маблағгузории иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии Фонди иқлими сабз барои Лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал» дар ҳаҷми 9 млн доллари амрикоии грантӣ мебошад. Маблағи мазкур бо мақсади таъмин намудани дастрасии минтақавӣ ба хизматрасонии босифат, инчунин афзоиш додани ҳаҷми сармоягузорӣ ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати баланд бардоштани устувории иқлим, коҳиш додани хатарҳо ва кам кардани таъсири онҳо ба афзоиши манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона карда мешавад.
Акс аз Вазорати молияи ҶТ








Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид






