Дастаҳои «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бар ҳарифонашон ғолиб омаданд

Июнь 29, 2021 10:14

ДУШАНБЕ, 29.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои  даври дуюми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 дар сатҳи баланд доир гардиданд. Дар даври мазкур доватлабони асосии медалҳои тилло – «Соро компания»-и  шаҳри Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии хонагӣ пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар даври дуюм дастаи футзали  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  ба дарвозаи «Пойтахт»  6 голи беҷавоб,  дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд  ба дарвозаи дастаи  фузали  «Истиқлол»-и шаҳри  2 голи беҷавоб заданд. Мавриди зикр аст, ки барандаи медалҳои биринҷии лигаи касбии футзали Тоҷикистон дар мавсими 2019 – дастаи  футзали «Помир»-и  шаҳри Хоруғ аввалин пирӯзиашро дар мавсими нав ҷашн гирифт. Дастаи  футзали «Помир»-и  шаҳри Хоруғ  бар дастаи футзали  «Самандар»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 3:1 ғолиб омаданд.

Қобили зикр аст, ки   бо натиҷагирӣ аз ду даври лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021, дастаҳои  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд  бо шашхолӣ пешсафанд. Дар даври навбатӣ ин дастаҳо муқобили ҳам бозӣ мекунанд. Дидори дастаҳо 3  июли соли равон, дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.

ДАСТАҲО Б Ғ М Б ГОЛҲО ФАРҚ Х
1 «Соро компания» (ДУШАНБЕ) 2 2 0 0 11-0 +11 6
2 «Сипар» (ХУҶАНД) 2 2 0 0 10-0 +10 6
3 «Истиқлол»(ДУШАНБЕ) 2 1 0 1 4-3 +1 3
4 «Помир» (ХОРУҒ) 2 1 0 1 3-6 -3 3
5 «Самандар» (ТУРСУНЗОДА) 2 0 0 2 2-7 -5 0
6 «Пойтахт»  (ДУШАНБЕ) 2 0 0 2 0-14 -14 0

 

Июнь 29, 2021 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад