Дастаи Бадахшон-1 дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди волейбол пирӯз гардид

Июнь 30, 2021 13:15

ХОРУҒ, 30.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Раёсати ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар  Қасри варзиши шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди волейбол байни дастаҳои Бадахшон-1, Суғд, Хатлон, Душанбе-1 ва Бадахшон-2 баргузор шуд ва се рӯз идома кард.  Дар даври ниҳоӣ байни дастаҳои Бадахшон-1 ва Душанбе-1 барои гирифтани мақоми аввал мубориза сурат гирифт. Ин бозӣ бо ҳисоби 3 бар 2 ба ба фоидаи тими Бадахшон-1 анҷом пазируфта, тими Душанбе-1 дар ҷои дуюмро қарор гирифт.

Коршинсони масоили варзишӣ, ки ин мусобиқаро аз аввал то ба охир пайгирӣ намуданд, ба бозии волйболбозони ҷавони тими Душанбе-1 баҳои баланд дода, аз пайдо шудани боз дастаи як касбию қавӣ дар кишвар изҳори хушҳолӣ намуданд. Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматшо Алифшоев гуфт, ки “сарфи назар аз он дастаи мунтахаби Бадахшон  10 маротиба дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ дастболо шуд, аммо варзишгарони ҷавони дастаи Душанбе-1 то ба охир бозии хубу диданӣ аз худ нишон доданд ва ҳеҷ камие аз рақиби пуртаҷрибаи худ надоштанд. Дар баъзе лаҳзаҳо бозигарони дастаи Бадахшон-1-ро дар ҳоли ногувор меандохтанд ва онҳо имкон надоштанд, ки тӯбро дуввумбора ба майдони рақибон баргардонанд. Аксарияти варзишгарони ин даста ҳанӯз донишҷӯ ҳастанд ва дар ояндаи наздик метавонанд, ки барои тимҳои беҳтарини кишвар  ба як рақиби шикастнопазир табдил ёбанд”.

Мураббии дастаи Душанбе-1 Рухшона Тайғуншоева, ки як замон зери роҳбарии мураббиии пуртаҷрибаи тими мунтахаби Бадахшон  Бекназар Мавлоназаров тамрин карда, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ борҳо шарафи варзиши вилоятро ҳифз мекард, имрӯз бо дастаи худ барои мураббиаш Бекназар Мавлоназаров рақиби асосӣ ба шумор меравад. Шояд худи Бекназар Мавлоназаров низ аз он шод бошад, ки заҳматаш барабас нарафтааст ва чунин шогирдони варзидааш ба майдони варзиш ворид мегарданд ва  барои рушди ин риштаи зебои варзиш саҳми хеш мегузоранд.

Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода дастаи Бадахшон 1- ро табрик намуда, зери  кафкӯбии ҳаводорони ин намуди зебои варзиш ба ғолибон Ҷоми Мусобиқа ва медалу ифтихорнома тақдим кард. Муовини раиси вилоят дар баробари ғолибон ҳамчунин ба ҳамаи мураббиён ва бозигарони дастаҳои Душанбе- 1, Суғду Хатлон барои ширкати фаъол дар мусобиқа ва рангину ҷолиб кардани он  аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шахсан  аз номи раиси вилоят Ёдгор Файзов миннатдории хос баён намуд.

Июнь 30, 2021 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад