Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Кумитаи сардорони ситодҳои қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ИДМ дар Санкт-петербург иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 09.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Кумитаи сардорони ситодҳои Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) имрӯз, 9 июн, дар Санкт-Петербург баргузор мешавад. Дар он муовини якуми вазири мудофиа — сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода иштирок мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд, ки ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситодҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИДМ дар Санкт-Петербург таҳти раёсати сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия — Муовини якуми вазири мудофиаи Федератсияи Россия, генерали артиш Валерий Герасимов баргузор мешавад.
Дар ҷаласа ҳайатҳои низомии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин ҳайатҳои Кумитаи иҷроияи ИДМ ва котиботи Шӯрои вазирони мудофиаи (ШВМ) ИДМ ширкат меварзанд.
Роҳбарони ҳайатҳои қувваҳои мусаллаҳ дар бораи вазъи кунунии ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳон мубодилаи афкор намуда, маҷмӯи масоили ҳамкории ҳарбиро, ки қобили таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд, муҳокима мекунанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд






