МУБОРАК БОД! Комроншоҳ Устопириён ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷудокори маъруфи Тоҷикистон Комроншоҳ Устопириён, ки дар вазни -90кг баромад мекунад, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бар асоси феҳристи кунунии олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо нашр шудааст, Комроншоҳ дар байни 398 ҷудочии ҷаҳон, ки дар вазни -90кг ҳунарнамоӣ мекунанд, дар мақоми 21-ум бо 2784 имтиёз қарор дорад. Ӯ бо натиҷаи мазкур дар феҳристи ҷудокороне, ки ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 сафарбар мешаванд, ҷой гирифт.
Аз миёни ҷудокорони дигари Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) низ шонси зиёде барои ба даст овардани роҳхати Олимпиада доранд.
Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳ Устопириён чорумин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифтааст. Аз ин қабл Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев (ҳарду дар риштаи бокс) ва Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук (давидан ба масофаи 100м) соҳиби иҷозатномаи иштирок дар Бозиҳои Олимпии-2020 гардида буданд.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад.
АКСҲО аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон









Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






