Фосилаи 45 ҳафта байни вояҳои AstraZeneca эминиятро дар муқобили COVID-19 баланд мекунад
ДУШАНБЕ, 29.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Зиёд намудани фосила байни сӯзандоруҳои якум ва дуюми ваксинаи зидди коронавирус, ки онро Донишгоҳи Оксфорд ва ширкати фарматсевтии англо-шветсиягии AstraZeneca таҳия кардааст, вокуниши эминиро тақвият мебахшад. Дар ин бора дар таҳқиқоти нави Донишгоҳи Оксфорд гуфта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховард» бо истинод ба Bloomberg.
«Таъхири тӯлонитар байни вояи якум ва дуюм метавонад муфид бошад, зеро боиси афзоиши титри антителаҳо (зиёдшавии подтанҳо — шарҳи АМИТ «Ховар») ва тақвияти вокуниши эминӣ пас аз вояи дуюм мегардад», — гуфта шудааст дар иттилоия. Таъсири манфии вояи дуввум ва сеюми AstraZeneca нисбат ба таъсири вояи яккум камтар будааст.
«Ин бояд хабари рӯҳафзо барои кишварҳое бошад, ки воридоти ваксинаҳо кам аст ва аз таъхир дар дастрасӣ ба вояи дуюми ваксина барои аҳолии худ нигаронанд. Вокуниши олии эминӣ пас аз гирифтани вояи дуюм, ҳатто пас аз таъхири 10-моҳа пас аз вояи якум вуҷуд дорад», — изҳор кард муҳаққиқи пешбари Донишгоҳи Оксфорд Эндрю Поллард.
Муҳаққиқон инчунин муайян карданд, ки вояи сеюм, ки пас аз шаш моҳи вояи дуюм ба бадан ворид карда шудааст, боиси афзоиши қобили мулоҳизаи подтанҳо мешавад ва вокуниши қавии эминиро ба вуҷуд меорад. Вояи сеюм инчунин дар муқобили гунаҳои нави COVID муассир аст.
Муҳаққиқон илова карданд, ки таъсири манфии вояҳои дуюм ва сеюми ваксина нисбат ба таъсири вояи якуми он камтар мебошанд.
Мутобиқи маълумоти Агентии Аврупоӣ оид ба маводи доруворӣ, таҳқиқоти клиникии ваксинаи коронавируси AstraZeneca (Vaxzevria) нишон доданд, ки он барои пешгирии COVID-19 барои одамони аз 18-сола боло муассир аст. Дар аввал, самаранокии ваксина дар сатҳи тақрибан 60% муқаррар шуда буд, аммо моҳи март, AstraZeneca таҳқиқоти худро нав кард ва самаранокии онро ба 76% расонид.
Тавре АМИТ “Ховар” пештар хабар дода буд, 9 марти соли равон, аввалин бастаи ваксинаи зидди коронавирус аз ширкати шведӣ — бритониёии AstraZeneca, ки дар Пажӯҳишгоҳи Хуноба (Serum) дар Мумбай (Ҳиндустон) истеҳсол шудааст, ба миқдори 192 ҳазор воя, аз 732 ҳазор вояи дар доираи барномаи COVAX ба нақша гирифта шуда, аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Қайд шуда буд, ки ваксинаҳои боқимонда дар ояндаи наздик тадриҷан ба Тоҷикистон интиқол дода хоҳанд шуд.
Ваксинаи AstraZeneca -ро Пажӯҳишгоҳи Ҷеннераи Донишгоҳи Оксфорд ва Гурӯҳи Оксфорд ваксина коркард намудаанд. Гурӯҳро Сара Гилберт, Адриан Ҳилл, Эндрю Поллард, Тереза Ламб, Сэнди Дуглас ва Кэтрин Грин роҳбарӣ мекунанд.
30 декабри соли 2020, ваксина барои истифодабарӣ дар барномаи эмгузаронии Бритониё тасдиқ карда шуд. Ҳамзамон, ваксина дар Аргентина тасдиқ карда шуд. 9 январи соли 2021 мақола дар бораи бехатарӣ ва самаранокии ваксинаи AZD1222 дар яке аз бонуфузтарин маҷаллаҳои тиббии бритониёии “The Lancet” нашр шуд.
Қобили зикр аст, ки аввали моҳи феврали соли равон ҳамон маҷаллаи «Lancet» натиҷаҳои озмоиши клиникии ваксинаҳоро нашр кард. Тибқи маълумоти таҳқиқот, ваксинаи ширкати бритониёӣ — шведии AstraZeneca дар байни доруҳо аз рӯи теъдоди тасдиқҳо барои истифодабарӣ аз танзимкунандагон сазовори ҷойи аввал дар ҷаҳон шудааст. Дар айни замон он дар зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон истифода мешавад. Ваксинаи русии «Спутник V» ҷои дуввум ва ваксинаи истеҳсоли ширкати амрикоии Pfizer — ҷойи севумро касб кардаанд.
Дар моҳи марти соли 2021, зиёда аз 10 кишвар эълом доштанд, ки истифодаи ваксинаи зидди коронавируси AstraZeneca ва ё бастаҳои алоҳидаи онро қатъ мекунад. Дар баъзе кишварҳо хабарҳо дар бораи ҳолатҳои ба вуҷуд омадани лахташавии хун (тромбозҳо) дар вуҷуди беморони бо ин ваксина эмшуда пайдо шудаанд. Давлатҳои дигар гузориш медоданд, ки чунин ҳолатҳо сабт нашудаанд, аммо онҳо ҳамчун чораи эҳтиётӣ эмгузарониро бо истифода аз ин ваксина бозмедоранд.
Кумитаи арзёбии хавфҳои назорати дорусозӣ EMA 18 март изҳор кард, ки бартариҳои ваксинаи AstraZeneca дар мубориза бо сирояти коронавирус ҳанӯз ҳам аз хатарҳои он зиёдтаранд. Ин хулосаҳо пас аз анҷоми баррасии ибтидоии гузоришҳо оид ба лахташавии хуни одамони бо ин дору эмгузаронишуда бароварда шуданд. 7 апрел, EMA лахташавии хунро ба рӯйхати таъсири хеле камназири манфии ваксинаи AstraZeneca ворид кард.
АКС: Associated Press