«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Аз ҳисоби кормандони Кумитаи телевизон ва радио 10 нафар барои иштирок дар давраҳои минбаъдаи озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд

Июнь 16, 2021 12:47

ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҳисоби кормандони Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар даври дуюм ба комиссияи даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 10 нафар барои иштирок дар давраҳои минбаъдаи озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Тавре котиби матбуоти Кумитаи телевизон ва радио Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, аз рӯи номинаи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» Бузургмеҳри Боймурод аз Радиои Тоҷикистон ва Музафар Сулаймонов аз Телевизиони «Баҳористон», аз рӯи номинаи  «Адабиёти классикӣ» — Хӯҷаёров Убайдулло аз Радиои Тоҷикистон   Далер Ҳасанзода  аз Телевизиони «Синамо», аз рӯи номинаи «Адабиёти муосир» бошад Асҳобиддин Низомов  аз Телевизиони «Синамо», Сафаралӣ Нозимов аз «Телевизиони Тоҷикистон»  ва  Мирсаиди Хайрулло  аз Радиои Тоҷикистон, инчунин аз рӯи номинаи  «Адабиёти ҷаҳон» Абдуҷалили Амон аз Радиои Тоҷикистон ва  Тоҳири Асрориён аз «Телевизиони Тоҷикистон» ва аз рӯи номинаи  «Эҷоди назму наср» Кӯҳзод Тағоев аз «Телевизиони Тоҷикистон»  пешниҳод карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар расми ифтитоҳи марҳилаи ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар байни кормандони кумита изҳор намуд, ки нафаре аз кормандони сохторҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби ҷоиза мегардад, баробар ба мукофотпулии дар озмун соҳибгашта аз ҷониби Кумитаи телевизион  ва радио низ бо мукофотпулӣ қадрдонӣ хоҳад шуд.

АКС аз Кумитаи ТВ ва радио

Июнь 16, 2021 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад