ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон бо Мянмар байни ҳам рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 15.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 июн дастаи футболи мунтахаби Тоҷикистон бозии охири даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022-ро дар гурӯҳи «F» бо дастаи мунтахаби Мянмар доир мекунад. Вохӯрӣ ин дастаҳо дар шаҳри Осакаи Япония, соати 15:30 бо вақти Душанбе баргузор мешавад.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон имкони роҳ пайдо кардан ба даври сеюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022-ро нигоҳ медорад. Барои ин дастаи мунтахаби Тоҷикистон бояд имрӯз бешубҳа дастаи мунтахаби Мянмарро мағлуб кунад ва инчунин ба натиҷаи муваффақ дар гурӯҳҳои дигар умедвор бошад. Дар поёни даври дуюм ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаҳои беҳтарини ҷойи дуюми гурӯҳ ба марҳилаи баъдӣ роҳ меёбанд. Хотиррасон мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон баъд аз 7 бозӣ 10 имтиёз ба даст оварда, дар мақоми 2-юми гурӯҳи «F» қарор дорад. Дар даври охирини гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон бо Мянма ва Ҷопон бо Қирғизистон бозӣ мекунанд. Оғози бозиҳо соати 15:30 дақиқа бо вақти Душанбе дар назар аст.
ҶҶ-2022
Даври дуюм. Марҳилаи интихобӣ
Гурӯҳи «F». Даври 10-ум
15 июн (сешанбе)
Оғози бозӣ 15:28 бо вақти Душанбе
Тоҷикистон – Мянмар
| ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | |
| 1 | Япония | 7 | 7 | 0 | 0 | 41-1 | 21 |
| 2 | Тоҷикистон | 7 | 3 | 1 | 3 | 10-12 | 10 |
| 3 | Қирғизистон | 6 | 2 | 1 | 3 | 10-6 | 7 |
| 4 | Мянмар | 6 | 2 | 0 | 4 | 5-23 | 6 |
| 5 | Муғулистон | 8 | 2 | 0 | 6 | 3-27 | 6 |








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд






