ФУТБОЛ. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба даври чорякниҳоии Ҷоми миллатҳои Араб-2021 роҳ ёфт

Июнь 28, 2021 12:15

ДУШАНБЕ, 28.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба даври чорякниҳоии Ҷоми миллатҳои Араб-2021, ки дар Миср ҷараён дорад, роҳ ёфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар дастаи Ҷибути бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 ғолиб омад. Голҳоро Абдулфаттоҳ Худойдодзода (2), Кабир Салимшоев (1), Салам Ашӯрмамадов (1) ва Фахриддин Аҳтамов (1) ба сомон расониданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «B» Марокаш ба тими миллии Аморати Муттаҳидаи Араб чаҳор голи беҷавоб зад.

Ҳамин тариқ, дастаҳои мунтахаби ҷавонони Марокаш ва Тоҷикистон аз гурӯҳи «В» ба даври чорякниҳоӣ баромаданд. Дар даври чорякниҳоӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) пагоҳ, 29 июн, бо тими миллии Миср, ки дар гурӯҳи «А» ҷойи аввалро ишғол кард, бозӣ мекунад.

Ҷоми миллатҳои Араб-2021 миёни мунтахабҳои ҷавонон (U-20)

Гурӯҳи «В». 3-й тур

Ҷибути – ТОҶИКИСТОН – 0:5

Голҳо: Кабир Салимшоев, 7 (0:1). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 30 (0:2). Салам Ашурмамадов, 84 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 87 (0:4). Фахриддин Аҳтамов, 89 (0:5).

 Марокаш – АМА – 4:0

 

    И В Н П М О
1 Марокаш 3 3 0 0 15-1 9
2 ТОҶИКИСТОН 3 2 0 1 9-8 6
3 АМА 3 1 0 2 10-8 3
4 Ҷибути 3 0 0 3 0-17 0

 

Акс аз ФФТ

Июнь 28, 2021 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид