ФУТБОЛ. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба даври чорякниҳоии Ҷоми миллатҳои Араб-2021 роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 28.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба даври чорякниҳоии Ҷоми миллатҳои Араб-2021, ки дар Миср ҷараён дорад, роҳ ёфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар дастаи Ҷибути бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 ғолиб омад. Голҳоро Абдулфаттоҳ Худойдодзода (2), Кабир Салимшоев (1), Салам Ашӯрмамадов (1) ва Фахриддин Аҳтамов (1) ба сомон расониданд.
Дар бозии дигари гурӯҳи «B» Марокаш ба тими миллии Аморати Муттаҳидаи Араб чаҳор голи беҷавоб зад.
Ҳамин тариқ, дастаҳои мунтахаби ҷавонони Марокаш ва Тоҷикистон аз гурӯҳи «В» ба даври чорякниҳоӣ баромаданд. Дар даври чорякниҳоӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) пагоҳ, 29 июн, бо тими миллии Миср, ки дар гурӯҳи «А» ҷойи аввалро ишғол кард, бозӣ мекунад.
Ҷоми миллатҳои Араб-2021 миёни мунтахабҳои ҷавонон (U-20)
Гурӯҳи «В». 3-й тур
Ҷибути – ТОҶИКИСТОН – 0:5
Голҳо: Кабир Салимшоев, 7 (0:1). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 30 (0:2). Салам Ашурмамадов, 84 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 87 (0:4). Фахриддин Аҳтамов, 89 (0:5).
Марокаш – АМА – 4:0
| И | В | Н | П | М | О | ||
| 1 | Марокаш | 3 | 3 | 0 | 0 | 15-1 | 9 |
| 2 | ТОҶИКИСТОН | 3 | 2 | 0 | 1 | 9-8 | 6 |
| 3 | АМА | 3 | 1 | 0 | 2 | 10-8 | 3 |
| 4 | Ҷибути | 3 | 0 | 0 | 3 | 0-17 | 0 |
Акс аз ФФТ








Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд






