ФУТБОЛ. Нишонзани беҳтарин дар таърихи дастаи мунтахаби Тоҷикистон муайян шуд

Июнь 16, 2021 15:43

ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов бо 19 гол дар рӯйхати Топ-10 голзани беҳтарин дар таърихи дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи аввал аст. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки дар бозии охиринии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо дастаи мунтахаби  Мянмар Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 53-юм бо сараш гол ба нишон  расонид. Барои Манучеҳр Ҷалилов ин гол дар дастаи  мунтахаби Тоҷикистон 19-умин гол буд. Хотиррасон мешавем, ки Манучеҳр Ҷалилов аз соли 2015 дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад ва дар ин муддат бо пероҳани дастаи мунтахаби Тоҷикистон  38 бозӣ гузаронидааст.

Ба ғайр аз  Манучеҳр Ҷалилов дар даҳгонаи беҳтаринҳои таърихи дастаи мунтахаби  Тоҷикистон Юсуф Рабиев (15 гол), Нӯъмондҷон Ҳакимов (14 гол), Тоҳирҷон Муминов (10 гол), Фатҳулло Фатҳуллоев, Иброҳим Рабимов (ҳарду — 9 гол), Давронҷон Эргашев, Нуриддин Давронов, Ҷомихон Муҳиддинов (ҳама — 8 тӯб) ва Дилшод Восиев (7 тӯб) қарор доранд.

Топ- 10 нишонзани беҳтарин дар таърихи мунтахаби Тоҷикистон:

  1. Манучехр Ҷалилов (38 бозӣ) – 19 тӯб.
  2. Юсуф Рабиев (40 бозӣ) – 15 тӯб.
  3. Нуъмонҷон Ҳакимов (34 бозӣ) – 14 тӯб.
  4. Тоҳирҷон Муъминов (24 бозӣ) – 10 тӯб.

5-6. Фатҳулло Фатҳуллоев (68 бозӣ), Иброҳим Рабимов (45 бозӣ) – бо 9 голӣ.

7-9. Давронҷон Эргашев (68 бозӣ), Нуриддин Давронов (49 бозӣ), Ҷомихон Муҳиддинов (32 бозӣ) – бо 8 голӣ.

  1. Дилшод Восиев (50 бозӣ) – 7 тӯб.
Июнь 16, 2021 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад