«Хуҷанд» пас аз ғолиб омадан бар дастаи «Эсхата» ба зинаи аввали ҷадвали лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон баромад

Июнь 29, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 29.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26-27 июн  дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои  даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.   Аз панҷ  бозии баргузоршуда чор бозӣ  бо ҳисоби мусовӣ ҷамъбаст гардид.

Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар бозии аввали ин  давр  дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби  калони 5:1 ғалаба карда, ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад. Дар ҳайати дастаи футболи  «Хуҷанд»  Абдулмуъмин Забиров ва Дилшод Бозоров дуголӣ заданд. Як голи дигарро Тоҳир Малодӯстов ба нишон расонид.

Чор бозии дигари даври мазкур  бошад, бо ҳисоби  мусовӣ анҷом ёфтанд: бозӣ миёни дастаҳои футболи  КМВА-и шаҳри Душанбе  бо  «Куктош» бо ҳисоби 2:2, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо  «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан бо ҳисоби  0:0, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо  «Истиқлол»-и шаҳри бо натиҷаи 1:1 ва «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  бо  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо  ҳисоби  1:1 ба қайд гирифта шуд.

Ёдовар мешавем,ки бозиҳои даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 3-4 июли соли равон баргузор мешаванд. Дар даври навбатӣ дастаҳои футболи  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  ва «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб  бо КМВА-и шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат мекунанд.

 

ДАСТАҲО Б Ғ М Б ГОЛҲО     ФАРҚ    Х     
1      «Хуҷанд» (ХУҶАНД) 10 6 1 3 23-13 +10 19
2 «Эсхата» (ХУҶАНД) 11 5 2 4 20-20 0 17
3 «Хатлон» (БОХТАР) 10 4 4 2 11-8 +3 16
4 «Равшан» (КӮЛОБ) 10 3 4 3 13-13 0 13
5 «Истаравшан» (ИСТАРАВШАН) 10 3 4 3 10-10 0 13
6 «Файзканд»(ВОСЕЪ) 10 3 4 3 10-10 0 13
7 «Куктош»(РӮДАКӢ) 11 3 3 5 13-20 -7 12
8 «Истиқлол»(ДУШАНБЕ) 5 3 2 0 9-3 +6 11
9 «Душанбе»(ДУШАНБЕ) 10 2 4 4 15-20 -5 10
10 КМВА (ДУШАНБЕ) 11 1 4 6 12-19 -7 7

 

Июнь 29, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд