«Иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба алимент ва маскун кардан: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» — таҳти ин унвон Хадамоти иҷро ҳамоиш доир кард

Июнь 25, 2021 11:04

ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Новобаста аз тадбирҳои андешидашуда  ситониши алимент  яке аз проблемаҳои мубрам дар мамлакат боқӣ мемонад.  Саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон ба шароити  зиндагӣ,   вазъи саломатии онҳо  таъсири манфӣ расонида, инкишофи муқаррарии ноболиғонро вайрон месозад. Кӯдакон дар аксар мавридҳо ҷабрдидаи муноқишаҳои падару модарон мегарданд ва бештар падар барои қасд гирифтан аз собиқ ҳамсари худ маблағи алиментро барои таъминоти кӯдакони ноболиғаш пардохт намекунад ва бо ҳар баҳона аз пардохти он саркашӣ менамояд. Дар ин маврид ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон поймол гашта, онҳо аз ҷиҳати руҳию равонӣ ва тарбиявӣ солим ба воя намерасанд.

Ин матлаб дар ҳамоише, ки  Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар мавзӯи «Иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба алимент ва маскун кардан: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» 22 июни соли равон  дар Душанбе  доир  намуд, баён гардид.

Хадамоти иҷрои бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро ҳамоиши мазкурро  бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, вазорату идораҳои дахлдор, донишгоҳҳо ва дар ҳамкорӣ бо шарики рушд — ҳамоҳангсози миллии  барномаи «Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ)  баргузор намуд.

Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода зикр  намуд, ки Хадамот бо ташаббуси сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 апрели соли 2018 таъсис ёфта, роҳбарият ва кормандони он  аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ диққати асосиро ба беҳтар намудани иҷрои воқеии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ, барқарор намудани зарари ба манфиати давлат, шахсони воқеию ҳуқуқӣ расонидашуда, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон равона намуда, рафти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатиро  дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор медиҳанд.

Гуфта шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Хадамот ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ноил гардиданд. Сифати иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, фоизи иҷро назар ба солҳои пешин ба маротиб баланд бардошта шудааст.

Дар баробари корҳои анҷомдода ҳангоми таъмини иҷрои санадҳои судӣ иҷрочиён ба мушкилиҳое дучор мешаванд, ки ҳалли онҳо танҳо аз амалҳои иҷрочиён вобастагӣ надорад, ки яке аз чунин мушкилиҳо вобаста ба ситонидани алимент ва маскун кардан ба миён меояд.

Хадамоти иҷро баҳри  таъмини иҷрои босифат ва саривақтии ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба ситонидани алимент аз тамоми нерӯ, тадбирҳо ва имкониятҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ самаранок истифода намуда, қонеъ намудани талаботи дар ҳуҷҷатҳои иҷро зикргардидаро ба манфиати ситонандагон меҳвари асосии фаъолияти кории худ қарор додааст.

Зикр гардид, ки дар истеҳсолоти иҷрочиёни мақомоти иҷро дар маҷмӯъ  84 628 адад ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент мавриди иҷрои давравӣ қарор дорад.

Иҷрочиёни мақомоти иҷро ҷиҳати ситонидани маблағҳои алимент аз ҳисоби волидайн мунтазам амалҳои иҷрои таъхирнопазир гузаронида, баҳри таъмини адолати иҷтимоӣ корҳои назаррасро анҷом медиҳанд. Баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон танҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2021 иҷрочиён   11 млн 600 ҳазор сомонӣ маблағи алимент ситониданд.

Муттасифона ҳолатҳои бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон зиёд аст. Тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд. Дар 5 моҳи аввали соли 2021 бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбати 107 нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар ҳамин давра бо пешниҳоди иҷрочиёни мақомоти иҷро нисбати 181 нафар қарздороне, ки аз супоридани алимент саркашӣ намуда, пинҳон шудаанд, бо таъинотҳои судӣ кофтуков эълон карда шудааст.

Бе баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла ситонандагон ва қарздорон ҳал намудани проблемаи рӯёниши алимент ғайриимкон аст, чунки онҳо дар сурати дастрасӣ ва истифодабариашон аз иттилооти муҳими ҳуқуқӣ, ки ба манфиаташон дахл дорад, агар моҳирона ва оқилона баҳраҷӯӣ намоянд, мушкилии эҷодшуда дар самти рӯёниши алимент бартараф гардида, ба тарафҳо оқибати ҳуқуқии манфӣ намеорад. Умуман шахсоне, ки фарҳанги ҳуқуқиашон дар сатҳи баланд қарор дорад, аз доираи муайяннамудаи қонунгузорӣ набаромада, барои супоридани маблағи алимент мушкилӣ эҷод намекунанд. Оид ба  баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019  «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» қабул гардидааст. Роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷро ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷро дар байни аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо доир ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 январи соли 2021, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ва дигар мавзӯҳои гуногуни ҳуқуқии ба истеҳсолоти иҷро алоқаманд дар панҷ моҳи аввали соли 2021  936  (2020 — 462) маротиба вохӯрию сӯҳбат, баромадҳо ва дар нашрияҳои давлатӣ мақолаҳо ба чоп расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 474 баромад зиёд мебошад.

Таъкид  гардид, ки дар масъалаи пардохти алимент дигар мақомотҳо ва ҷомеаи маданӣ бояд бетарафӣ зоҳир накарда, оид ба  ин мушкилӣ ба иҷрочиёни мақомоти иҷро ҳамкорӣ намоянд, чунки дар шароити имрӯза, ки пай дар пай бӯҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ба аҳли башар мушкилӣ эҷод менамоянд, мусоидат намудан ба таъминоти кӯдакони ноболиғ ин иҷро намудани рисолати инсонии ҳар шахс маҳсуб меёбад.

Мушкилоти дигар ин иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба маскун кардан ба манзили истиқоматӣ мебошад, чунки қарздор дар ҳама ҳолат имконият намедиҳад, ки ситонанда дар як бино бо ӯ истиқомат намояд. Ҳолатҳое зиёданд, ки  қарздор дари хонаро маҳкам намуда, муддати зиёд дар хона истиқомат намекунад, то ин ин ки иҷрои санади судиро ғайриимкон гардонад. Ҳамзамон дар бисёр ҳолатҳо пас аз маскун намудан ва рафтани иҷрочӣ, қарздор ситонандаро аз ҳуҷраи  маскуншуда пеш мекунад.

Ҳангоми маскун кардан, агар аз як ҷониб амалӣ намудани ҳуқуқи собиқ аъзои оилаи соҳибмулк бошад, аз ҷониби дигар бояд ин ҳуқуқ ба тарзе амалӣ карда шавад, ки ҳуқуқҳои соҳибмулки манзил халалдор нагарданд.

Талаботи замони муосир проблемаҳои навро оид ба маскун кардан ба манзили истиқоматӣ ба миён гузоштааст, ки бо мақсади ҳалли онҳо муҳокимаи масъалаи мазкур ба мизи мудаввар бароварда шуд.

Таҳлилҳо дар ин самт нишон медиҳанд, ки дар панҷ моҳи соли 2021 дар истеҳсолоти иҷрочиён 772 (6 моҳи соли 2020-616) истеҳсолоти иҷро вобаста ба маскун кардан мавриди иҷро қарор гирифтааст, ки назар ба шаш моҳи соли 2020 156 адад зиёд мебошад.

Вобаста ба мушкилотҳои мавҷудаи соҳа намояндагони Хадамоти иҷро ва мақомоту идораҳои ширкатварзида баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд:

  • зик гардид, ки кӯдак таҳти ҳимояи давлат қарор дорад ва барои таъминоти кӯдаконе, ки бо сабабҳои гуногун падару модар маблағи алиментро пардохт карда наметавонанд Фонди махсуси давлатӣ таъсис дода шавад. Фонди махсуси давлатиро саховатмандон, соҳибкорон, ташкилотҳои байналмилалие, ки вазифаҳояшон аз даситгирию кумаки модару кӯдак вобастагӣ дорад ба оилаҳои муҳтоҷе, ки алимент намегиранд метавонанд маблағгузорӣ намоянд. Фонди махсус аз ҳисоби хайрхоҳон барои таъминоти кӯдакони ноболиғ ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта оварда мерасонад. Баъди пайдо гардидани қарздорон ҳамаи хароҷотҳои масрафшуда аз ҳисоби онҳо рӯёнида шавад;
  • дар қонунгузории амалкунанда тағйирот ворид карда шуда, қарздороне, ки бе сабаб дар ягон ҷой кору фаъолият намекунанд ва барои таъминоти кӯдаконашон маблағи алиментро пардохт намекунанд, ҳатман ҷаримабандӣ карда шаванд;
  • бо сабаби афзоиши аҳолӣ ва сол то сол зиёд гардидани шумораи иҷроварақаҳо, алалхусус иҷроварақаҳо вобаста ба ситонидани маблағи алимент, ки айни ҳол дар баррасии ҳар як иҷрочӣ зиёда аз 600 то 1200 санадҳои судӣ, санадҳои дигар мақомоти давлатӣ қарор доранд аз ҷониби мутахассисон (судяи Суди Олӣ Оймаҳмадзода М.) пешниҳод гардид, ки воҳидҳои кории иҷрочиён ва маоши онҳо зиёд гардида, онҳо бо шароити хуб ва техника таъмин карда шаванд;
  • баромадкунандагон сабабҳои барҳамхӯрии оилаҳо ва зиёд шудани иҷроварақаҳо вобаста ба алиментро дар қабули ҳалномаҳои ғоибона оиди ситонидани алимент, муҳоҷирати меҳнатӣ ва барои шаҳрвандии дигар давлатро қабул намудан оиладор шудан ба шаҳрвандони он давлат, дахолати дигар аъзоёни оила, рашк, хиёнати яке аз тарафҳо, бефарзандӣ, кӯдаки маъюб доштан ва ғайра иброз намуданд. Бо мақсади тақвияти ҳадафҳои иҷтимоии давлат ва такмили асосҳои ҳуқуқии таъмини кафолати давлатии ҳимояи маъюбон ва кӯдакони ятиму бепарастормонда пешниҳод гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоят ва парасторӣ» ва оид ба пешгирии ҷудошавии оилаҳо «Консепсияи давлатӣ оид ба ташкил, нигоҳдорӣ ва мустаҳкам кардани муносибатҳои оилавӣ»   таҳия ва қабул карда шавад;

— ҳолати ба манзил эҳтиёҷ доштани шаҳрвандоне, ки ба судҳо оид ба  маскун намудан ба манзили истиқоматӣ муроҷиат мекунанд, аз тарафи судҳо дар рафти баррасии парвандаҳо муайян карда шавад. Чунки дар аксар мавридҳо барои қасос гирифтан аз собиқ шавҳар ё аъзоёни оилаи ӯ собиқ келинҳо оиди маскун намудан ба манзили истиқоматӣ муроҷиат мекунанд, ки дар натиҷа оилаи нави барпонамудаи шавҳар низ вайрон мегардад. Барои ба манзили истиқоматӣ маскун дар қонунгузорӣ муҳлати зисти собиқ келин ба муҳлати на камтар аз 5 сол муқаррар карда шавад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки мушкилие, ки имрӯзҳо дар судҳо ҳангоми ҳалли ин баҳсҳо дучор мегардад, ин риояи талаботи моддаи 36-37 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Яъне ҳолатҳое мешавад, ки риояи талаботи меъёрҳои Кодекси манзил, аз қабили «манъ будани дар як утоқ ҷойгир намудани шахсони гуногунҷинси аз 7 сола калонтар» ё «меъёри майдони истиқоматӣ ба ҳар шахс ба андозаи 12 метри мураббаъ» дар ҳалномаҳои судӣ риоя карда намешавад, ки ин ҳолат аз набудани шароити манзилии хонаи истиқоматии баҳсӣ ва ноилоҷӣ ба вуқӯъ меояд. Инчунин бояд дар санадҳои судӣ муҳлати будубоши ситонандагон дар манзил дарҷ карда шавад.

Дар ҳамоиш  масъалаи такмил додани қонунгузории батанзимдарорандаи муносибатҳо вобаста ба алимент, маскун намудан, аъзои оилаи молик эътироф намудан, роҳҳои ҳалли ин мушкилот мубоҳиса ва табодули афкор сурат гирифт.

Мавриди зикр аст, ки гузаронидани чунин нишастҳо, ки дар онҳо мушкилиҳои мавҷудаи соҳа таҷдиди назар карда шуда, пешниҳодҳо ва таклифҳои муфиду судманд манзур мегарданд, ба мукаммал намудани қонунгузорӣ, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самти иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба рӯёниши алимент ва маскун кардан, инчунин ба пешрафти соҳаи истеҳсолоти иҷро дар кишвар мусоидат хоҳанд намуд.

Июнь 25, 2021 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад
Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд