Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Тоҷикистон Вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар вохӯрии мазкур котибони шӯроҳои амният ва ҳайатҳои расмии давлатҳои аъзо, аз ҷумла Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври ҳузурӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шакли маҷозӣ ширкат варзиданд.
Тибқи рӯзномаи тасдиқгардидаи вохӯрии мазкур, котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ доир ба вазъ дар самти амният ва субот дар фазои СҲШ мубодилаи афкор намуданд.
Доир ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва такмили механизмҳои ҳамгироии давлатҳои аъзои СҲШ дар самти муқовимат ба терроризм, сепаратизм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, ҷинояткориҳои муташакили фаромиллӣ, инчунин дар хусуси таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ изҳори назар намуданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба фаъолияти СҲШ дар ҷодаи таъмини амнияти давлатҳои аъзои Созмон ва дар бораи фаъолияти Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ахборот шунида шуд.
Масъалаи муҳими дигар — оид ба ҷараёни омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки баргузории он моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст, инчунин рафти таҳияи ҳуҷҷатҳо дар соҳаи амният, ки барои баррасӣ ва тасдиқи ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ пешниҳодшаванда, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Аз рӯи натиҷаи Вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ Протокол ба имзо расида, ахбороти иттилоотӣ қабул гардид.
АКСҲО аз Тоҳирҷон САИДОВ/АМИТ «Ховар»


















Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






