Инфрасохтори сайёҳии дараи Ромит рушд намудааст, — бардошт аз боздиди намояндагони ВАО аз ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон
ДУШАНБЕ,12.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, ташвиқу тарғиби имкониятҳои сайёҳии шаҳри Ваҳдат, бунёди инфрасохтори соҳа ва ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ пресс — тур аз мавзеъҳои сайёҳӣ бо иштироки рӯзноманигорони шабакаҳои давлатии телевизионӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, намояндагони ВАО ҳолати омодасозии мутахассисон дар Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат, мавзеъҳои сайёҳии дараи Ромит, хусусан оби шифобахши «Зайрон», ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ «Меҳвари Душанбе», ҳавзҳои моҳипарварӣ ва меҳмонхонаи ҶДММ «Баҳор»-ро дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат наворбардорӣ намуданд.
Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд ва дар он аз рӯйи 8 ихтисос таълим роҳандозӣ шудааст.
Муассиса имкон дорад, ки 500 нафарро ба омӯзиш фаро гирад.Мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат дар литсей шаҳрвандон аз рӯйи ихтисосҳои ошпаз, ошпаз — қаннод, роҳбалад, туроператор — турагент, системаи компютерӣ ва интернет-технология, ҳисобдор бо донистани компютер ва дӯзандагӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Дар муассисаи мазкур таваҷҷуҳи хосса ба масъалаи соҳибкасб намудани духтарону занони хонашину бешуғл зоҳир гардида, дар ин замина курсҳои кӯтоҳмуддати думоҳа ташкил шудаанд. Муҳлати таҳсил дар Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат дар заминаи маълумоти миёнаи асосӣ 2 сол ва дар заминаи маълумоти миёнаи пурра 1 солро ташкил дода, ҷараёни таълиму тарбия мутобиқ ба стандартҳои муосири таҳсилот роҳандозӣ гардидааст.
Мавзеи сайёҳие, ки ба гурӯҳи намояндагони ВАО муаррифӣ гардид, ин осоишгоҳи «Зайрон» мебошад, ки бо оби шифобахши худ маъруф буда, бо оғоз шудани рӯзҳои гарму офтобӣ шумораи мизоҷони осоишгоҳ меафзояд ва оби табиии аз синаи кӯҳ ҷорӣ ба чандин дарду бемории онҳо шифо мебахшад.
Ин об барои табобати бемориҳои системаи асаб, фишорбаландии ҷараёни хун, дил, устухонҳои дасту пою сутунмуҳра ва пӯст пешбинӣ шудааст. Об дар таркиби худ калсий, натрий, хлору ёд, гидросулфат, сулфат, магний, кислотаи кремний, фтору ром ва гидрокарбонат дорад. Мавзеи осоишгоҳ, ки дар лаби дарёст, ҳавои тозаи рӯҳбахш дошта, асабҳоро ором мекунад.
Осоишгоҳ дар 29 километрии самти роҳи Ваҳдат-Ромит воқеъ буда, дорои се меҳмонхонаи замонавӣ бо фарогирии 91 ҳуҷра ва 270 кати хоб ва 7 ҳавзи табобатӣ мебошад, ки шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.
Инчунин бо мақсади таблиғи сайёҳии аграрию гастрономӣ дар минтақа намояндагони ВАО ба имкониятҳои хизматрасонӣ дар ҳавзҳои моҳипарварии дараи Ромит шинос шуданд.Ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ «Меҳвари Душанбе» дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ҷойгир буда, дар соҳили дарёи Кофарниҳон бунёд гардидааст.
Масоҳати умумии атроф ва ҳавзҳои моҳипарварӣ 7 гектарро ташкил намуда, дар масоҳати 3 гектар дарахту бутта ва гулҳои ороишӣ шинонида шудааст.Ҳавзҳои моҳипарварӣ 30 ададро ташкил менамоянд, ки масоҳати онҳо гуногун буда, аз 100 то 300 метри мураббаъро ташкил намуда, дар онҳо имкони аз 30 то 70 тонна моҳӣ парвариш кардан имкон дорад. Дар ҳавзҳои мазкур парвариши моҳиҳои навъи гулмоҳии шоҳона ва осётра аз тухми кирмина ба роҳ монда шудааст.
Ҳавзҳои моҳипарварӣ ва меҳмонхонаи ҶДММ «Баҳор» низ дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ҷойгир буда, дар масоҳати 13 гектар ташкил гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ аз моҳи январи соли 2018 оғоз гардида буд.
Аксҳо аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ














Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид






