«МАКТАБҲОИ 2030». Барномаи лоиҳаи глобалӣ таҳти ин унвон дар Душанбе муаррифӣ гардид

Июнь 19, 2021 12:49

ДУШАНБЕ, 19.06.2021/АМИТ «Ховар»/. 18  июн дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Тоҷикистонии Оғохон барномаи лоиҳаи глобалии «Мактабҳои 2030» муаррифӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд.

Муовини аввали Вазири маориф ва илми ҶТ  Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Гулчеҳра Ғанизода ва  роҳбари барномаҳои Фонди Тоҷикистонии Оғохон Ҷавлон Ҳамдамов  дар атрофи ин барнома суханронӣ карданд.

М. Саломиён доир ба ҳамкориҳои шарикони рушд дар соҳаи маориф ва ташаббусҳои Фонди Оғохон дар Тоҷикистон, аз ҷумла, барномаи рушди барвақтии кӯдак, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои омӯзгорон дар зинаҳои таҳсилот, баланд бардоштани савияи дониши толибилмон, таъмини муассисаҳо бо маводи таълимӣ ва баланд бардоштани маълумотнокии омӯзгорону хонандагон оид ба гигиена, оби нушокӣ ва ғизои солим  андешаронӣ кард.

Роҳбари бахши маорифи Фонди Тоҷикистонии Оғохон Шералӣ Саидошуров ва мутахассиси ин бахш Садбарг Мирова барномаи рушди маорифи ФТО ва фаъолияти рушди маориф дар доираи лоиҳаи «Шукуфоии Тоҷикистон» – ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Барномаи лоиҳаи глобалии «Мактабҳои 2030» аз ҷониби мутахассиси бахши маорифи ФТО дар ВМКБ Фирӯза Назархудоева муаррифӣ шуд ва аз ҷониби ширкаткунандагон дастгирӣ ёфт.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи «Мактабҳои 2030» барои солҳои 2021-2030 дар муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ ва миёна дар 10 кишвари дунё роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи лоиҳаи мазкур рушди натиҷаҳои ҳамаҷонибаи омӯзиши хонандагон, беҳтар намудани рушди сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути муайян намудани мушкилот, дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ва таҳияи лоиҳаҳо аз тарафи муассисаҳои таълимӣ, дарёфти роҳҳои ҳал ва таҷрибаи беҳтарини педагогӣ ва баррасӣ намудани онҳо дар сатҳи миллию  байналмилалӣ мебошад.

                                              АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ

Июнь 19, 2021 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо гардиданд
Иди Меҳргон ҳамроҳ бо Фестивали занбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал ва Иди себу ангур баргузор мегардад
Дар Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» оғоз мегардад
Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
Дар Москва 1035-солагии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ таҷлил гардид
Дар Хуҷанд намоиши «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи фалак барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи фалак таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
«САДОИ ДИЛ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён доир мешавад
«Орифе аз Ховалинг». Қиссаи нави барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим ба нашр расид
Хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» гардид