Маъмурияти дипломатии Сафири Эстония дар Тоҷикистон ба поён расид

Июнь 10, 2021 08:56

ДУШАНБЕ, 10.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Нур-Султон) Ҳейти Мяэмеэсро ба муносибати ба итмом расидани ваколаташ ба ҳайси Сафир дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангӣ изҳори назар намуда, ҳавасмандии худро барои таҳкими баъдии муносибатҳо таъкид карданд.

Музаффар Ҳусейнзода ба Ҳейти Мяэмеэс барои саҳмаш дар рушди ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Эстония изҳори сипос намуда, дар фаъолияти ояндааш комёбиҳо таманно кард.

АКС аз ВКХ

Июнь 10, 2021 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд