«МО БО ШУМОЕМ!». Барандаи Шоҳҷоиза ва мукофоти махсуси ин озмуни ҷумҳуриявӣ Шукрона Зоҳирова ва Хатича Муслимова гардиданд

Июнь 25, 2021 17:27

ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мо бо шумоем!» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Барандаи Шоҳҷоизаи озмун, дипломи иштирокчӣ ва  мукофоти махсуси ҶДММ «Сарманзил»-ро  Шукрона Зоҳирова аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хатича Муслимова аз шаҳри Душанбе сазовор  гардиданд. Шоҳҷоиза ва мукофоту дипломро ба ғолиби озмун  муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ,  ёрдамчии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ва Директори ҶДММ «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов супориданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар  номинаи «Суханварӣ ва қироати шеър» -и озмуни мазкур ҷои аввалро Меҳрона Маҷидова аз ноҳияи Рашт, мақоми  дуюмро  Заҳро Абдуалиева аз шаҳри Душанбе ва зинаи  сеюмро Муҳаммадиқобил Имомов аз  шаҳри Панҷакент сазовор гардиданд.

Дар номинаи «Маҳорати сурудхонӣ» ҷои аввалро  Хушдил Шанбиев аз ноҳияи Шуғнон, мақоми  дуюмро Хатича Муслимова аз шаҳри Душанбе ва зинаи  сеюм Ҳусейни Ҷамшед   соҳиб шуданд.

Дар номинаи «Навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ»  Ҳасанов Шерзод аз ноҳияи Зафаробод ҷои аввал, Самадов Билол аз шаҳри Ҳисор ҷои дуюм ва  Ҳасану Ҳусейн Раҷабовҳо аз ноҳияи Дустӣ соҳиби сеюмро  ишғол намуданд. Ба ғолибони озмун диплом, ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷамъбасти озмуни мазкур муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, ёрдамчии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ширин Амонзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, вакили Маҷлиси намоянадагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитсон, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон  Тағойзода Сумангул, Раиси Кумитаи  иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ  ва эҳёи Тоҷикистон  Рудоба Мукаррам, Вазири маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода,  Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  Маликшо Неъматзода, муовини Раиси ҲХДТ, Раиси ҳакамон Хайринисо Юсуфӣ  инчунин роҳбарони як қатор  муассисаҳои таҳсилоти олӣ  ҳузур доштанд.

Ёдовар мешавем, ки  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи босамару  ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа таҳти унвони «Мо бо шумоем!» озмуни ҷумҳуриявӣ  баргузор  намуд.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур,  пеш аз ҳама татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осепазири ҷомеа, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасони маъюб, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Июнь 25, 2021 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Оид ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ бо ҷавонони фаъоли шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир шуд
ОГОҲӢ! 18-20 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мегардад
Соли 2026 дар Ёвон 6 маротиба намоиши ҷойи кори холии доимӣ ва мавсимӣ баргузор гардид
«СУРУДИ ҶАВОНӢ». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар боғҳои пойтахт барномаҳои идона баргузор мегарданд
«ЯК РӮЗИ ҶАВОНӢ». Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон силсилавохӯриҳо доир мешаванд
Оид ба иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
Дар шаҳраки Адрасмон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ САДОҚАТ. Дар ноҳияи Варзоб барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд
Дар Ҳисор бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
Доир ба масъалаи масъулияти блогерон дар таъмини фазои иттилоотӣ вохӯрӣ баргузор шуд
КОНФРОНСИ 35-УМИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ. Оид ба нақши занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамоиш доир шуд