Моҳрӯ Ҳалимова дар Чемпионати Осиё оид ба таэквондо сазовори медали биринҷӣ шуд

Июнь 19, 2021 12:10

ДУШАНБЕ, 19.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо ВТФ Моҳрӯ Ҳалимова дар Чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чемпионати Осиё оид ба таэквондо 16-18 июн дар шаҳри Бейрути Лубнон бо иштироки 186 варзишгар аз 30 давлати ҷаҳон  баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон, Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни -67кг муҳорибаро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Корея Сонг Да Бин дастболо шуд. Сипас ӯ дар нимфинал аз варзишгари Урдун Ҷулйана Содиқ шикаст хӯрд ва ҷои сеюмро гирифт.

Шоҳрух Баротов (вазни -58кг), Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов (-80кг), Хуррам Меҳтаршоев (-74кг), Муниса Ойматова (-49кг) пас аз як пирӯзӣ дар чорякфинал, Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-68кг) ва Муниса Исматова (-62кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ду довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон — Давлатшо Мирзоев ва Вафоназар Алиназаров мусобиқотро дар ин чемпионат доварӣ  намуданд.

Ба иттилои Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон, варзишгарони мо, ҳамчунин 19-21 июн дар мусобиқаи байналмилалӣ – “Beirut Open” ширкат мекунанд.

Июнь 19, 2021 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид