Мумфаршкунии роҳи Хуҷанд-Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид

Июнь 30, 2021 11:29

ДУШАНБЕ, 30.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии роҳи Хуҷанд-Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшида шуд. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мазкур  ба масофаи 1,5 км мумфарш карда мешавад. Паҳноии роҳ то ба  13 метр расида, ҷӯйбори ду канори он  ба тартиб оварда шуда, чароғонкунии кӯча низ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  роҳи мазкур, ки тавассути он сокинони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан,  Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон,  Спитамен,  Ҷаббор Расулов, Деваштич, Панҷакент,  Айнӣ,  Кӯҳистони Мастчоҳ ба маркази вилоят рафту омад  мекунанд,  солҳо инҷониб таъмир нашуда буд.

Раиси вилоят ба корҳои мумфаршкунӣ оғоз бахшида,  зимни суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошта, то имрӯз 7000 иншоот дар вилоят ба истифода дода шуд. Дар ин раванд мумфаршкунии роҳҳо низ вусъат ёфта,  танҳо дар соли равон 300 км роҳҳои шаҳру ноҳияҳо пурра мумфарш хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз сокинон даъват намуд, ки дар ободонии маҳал ва биноҳои истиқоматӣ саҳми худро гузошта, кӯчаву маҳаллаи хешро тозаву озода нигоҳ доранд.

Сокинон Мукаррама Сатторова ва Содирхон Умаров ба роҳбарияти давлату Ҳукумат барои иҷрои кори хайр ва мумфаршкунии роҳи мазкур миннатдории худро баён доштанд.

Июнь 30, 2021 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Дар Бадахшон 55 муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Шуғнон дар 10 гектар боғи нав бунёд карда шуд
МАСЪУЛИЯТИ ХАСТАНОПАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РОҲИ ДАВЛАТСОЗӢ. Эҳдо ба 35-солаии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон мумфаршкунии роҳҳо идома дорад

Маводҳои таҳлилӣ