Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти масъулони аршади Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» иштирок намуд

Июнь 16, 2021 15:09

ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси ҷониби японӣ 14-умин нишасти масъулони аршади Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ дар шакли маҷозӣ барпо шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар нишаст Тоҷикистонро муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ намояндагӣ кард.

Дар нишасти мазкур пешнависи барнома ва рӯзномаи Ҷаласаи ҳаштуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама, ки баргузории он давоми соли ҷорӣ дар Токио дар назар аст, баррасӣ шуд.

 

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Июнь 16, 2021 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид
Нишасти навбатии Гурӯҳи корӣ дар қолаби С5+Олмон баргузор гардид
Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Исроил ва Эрон истиқбол менамояд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Малдив эътимоднома супорид
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи иқтисоду тиҷорат баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон зарбаҳои неруҳои ҳарбии ҳавоии Амрико ва Исроилро ба иншооти ҳастаии Эрон қатъиян маҳкум мекунад
Роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд