Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
ДУШАНБЕ, 01.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид
Таъкид шуд, ки бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ҳарду давлат муносибатҳои дуҷониба мунтазам рушд карда, тамоюли расидан ба сатҳу сифати нави ҳамкорӣ дорад.
Роҳбари ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати тавсеа ва таҳкими ҳамкории бисёрҷанба бо Қирғизистон омодагии ҷониби Тоҷикистонро таъкид намуд.
Инчунин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев доир шуд.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон зимни музокирот дар фазои дӯстӣ ва созандагӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазирон бо қаноатмандӣ аз афзоиши гардиши савдои мутақобила, азми тарафайнро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ изҳор доштанд.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намдунад.
Ҷонибҳо наздикии мавқеи ду мамлакатро оид ба масъалаҳои байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар муқовимат бо таҳдидҳои муосир бо таъкид карданд.
Эҳтимоми ҳарду ҷониб ҷиҳати рушди минбаъдаи муколамаи созанда дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ СААД ва дигар ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ тасдиқ гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид






