«Нақши Парлумони Тоҷикистон дар беҳтарсозии ғизо дар Тоҷикистон» — таҳти ин унвон ҳамоиш доир шуд

Июнь 17, 2021 15:19

ДУШАНБЕ, 17.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва дигар мақомоти давлатӣ  дар мавзӯи «Нақши Парлумони Тоҷикистон дар беҳтарсозии ғизо дар Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш  нахуст муовини Раиси Маҷлиси намояндагон  Дилрабо Мансурӣ баромад намуда, зикр кард, ки дар сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи беҳбудии вазъи саломатӣ ва ғанӣ гардонидани сабади истеъмолии аҳолӣ  аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

-Сарвари давлат ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ баҳри солимии миллат пайваста дастуру супориш ва  ҳидоятҳои муфид медиҳанд. Аз ҷумла, роҳандозӣ шудани ду ҳадафҳои муҳими стратегии давлат — таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат барои афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди он ва муҳимтар аз ҳама барои пуркардани сабади истеъмолӣ заминаи хубе хоҳад гузошт,-тазаккур дод номбурда.

Дилрабо Мансурӣ таъкид намуд, ки ин тадбирҳо барои беҳсозии вазъи саломатии мардум,  пешгирии воридоти маводҳои пастсифату зиёновар, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани сифати ғизо, мусоидат ба рушди устувори кишоварзӣ, таҳияи модели устувори истеъмолот ва истеҳсолот бисёр қадами неку шоиста мебошанд.

Ҳамзамон номбурда зикр кард, ки камғизоӣ яке аз масъалаҳои умдаи ҷаҳонӣ буда, мусоидат ба ҳалли он аз ҷониби парламентҳои ҷаҳон муҳим мебошад. Аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон аз камғизоӣ азият кашида, зарари иқтисодии вобаста ба он дар як сол 3,5 триллион долларро ташкил медиҳад. Ин шумора ба асари бемории ҳамагири КОВИД-19 афзоиш ёфта, нокомилии  низоми  хӯрокворӣ ва соҳаи тандурустии ҷомеаи ҷаҳонро нишон дод.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки пандемияи КОВИД-19 хавфи ба ҳолати ноамнии озуқаворӣ ва камбизоатӣ афтодани миллионҳоро афзун карда, ба ҳаёти инсоният таъсири манфӣ расонид.

Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали пайдоиши бемории КОВИД-19 дар қаламрави худ барои ба эътидол овардани вазъ ва таъмини ғизои солим ба гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа чораҳои зазрурӣ  рӯи даст гирифт.

Аз ҷумла, ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ, коҳиш додани зарари иҷтимоиву иқтисодӣ ва дастгирии соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ва бо ғизои солим таъмин намудани шахсоне, ки дар пешгоҳи мубориза бо пандемия қарор доштанд, инчунин ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ барои кормандони соҳаи тиб амалӣ карда шуд.

Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва болобурдани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ, афзоиш додани масоҳати даҳҳо ҳазор гектар майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ, аз тадбирҳои дигари амали намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини аҳолӣ бо ғизоӣ солим мебошад.

Иттилоъ дода  шуд, ки 8,9 фоизи аҳолии сайёра ё тақрибан 690 миллион нафар аз ғизои солим танқисӣ мекашанд. Инчунин 144 миллион кӯдаки то синни панҷсола аз қадпастӣ ва 47 миллион аз камвазнӣ ва камхунӣ ранҷ мебаранд.

Мутаассифона, имрӯз байни кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон низ бемориҳои ба монанди камхунӣ, қадпастӣ, камвазнӣ ва ҷоғар мушоҳида мешавад. Албатта, ҳамаи ин аз таъсири норасоии микроэлементҳое, ки дар таркиби ғизо мавҷуданд, ба миён меоянд. Албатта, ин вазъ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Миллали Муттаҳид то соли 2030 монеаи калон эҷод мекунад.

Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон то имрӯз дар самти таъмини аҳолӣ бо ғизои солим якчанд қонун, барнома ва стратегияҳо, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрока»,  «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғанигардонидашуда», “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”, “Стратегияи ғизо ва фаъолнокии ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024”, “Стратегия оид ба дурнамои минбаъдаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023”, “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2011-2020” ва  “Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020” ба тасвиб расонид, ки дар беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини онҳо бо ғизои солим мусоидат менамоянд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки вакилони мардумӣ ҳамеша омода ҳастанд дар такмили низоми қонунгузорӣ дар самти таъмини мардум бо ғизои солим нақши муҳим бозида, бо интихобкунандагони худ робита зич дар ин самт барқарор намоянд ва дар пиёда намудани ниёзҳои онҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Гуфта шуд, ки иқдоми пешгирифтаи Парламенти  мамлакат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ,  дигар мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд  дар баргузории ҳамоиши имрӯза ҷиҳати ноил шудан ба татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди таъмини аҳолӣ  бо маҳсулоти хӯрокаи дастрас, бехатар ва серғизо шоёни таҳсин аст.

Ёдовар мешавем, ки аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин ҳамчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусамадзода, намояндаи Юнисеф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Осама Маккавӣ ва дигарон бо ахбороти муфассал баромад намуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш қарор ва тавсияҳои дахлдор қабул карда шуданд.

     София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар» 

Июнь 17, 2021 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар Санкт-Петербург баррасӣ гардид
Равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон густариш меёбад
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Маҳмадтоир Зокирзода дар кори Анҷумани X парлумонии БРИКС дар шаҳри Санкт Петербург иштирок намуд
Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок менамояд
Дар Маҷлиси намояндагон ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» доир гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуд
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок дорад
Дар Душанбе робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — МАКТАБИ БУЗУРГИ ВАТАНДОРӢ. Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд